Вазорати маориф: Хабари омӯзиши бидуни вақфа дар мадорис бепоя аст
Image copyrightBBC World ServiceВазорати омӯзишу парвариши кишвар мегӯяд, ки муасисоти таълимӣ соатҳои панҷ рӯзи таътили иловагии моҳи февралро то авохири соли хониш ва ё моҳи май дар барномаҳои дарсӣ бо салоҳияти худ ворид кунанд.
Абдуҷаббор Алиев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати омузишу парвариш дар сӯҳбат бо Бӣ би сӣ хабаре, ки аз номи ин вазорат баъзе расонаҳо пахш карданд, ки гуё то моҳи апрел шогирдони мадорис ва донишкадаву донишгоҳҳо бидуни таътил таҳсил хоҳанд кард, беасос хонд.
Оқои Алиев гуфт: "Бо тавсияи вазорати омӯзишу парвариш тамоми муасисоти таълими ҳуқуқ доранд бо салоҳияти худашон аз ҳисоби рӯзҳои истироҳат шанбеву якшанбе ва ё соатҳои иловагӣ дар муддати чаҳор моҳ омӯзиши барномаи таълимиро барои шогирдон таъмин кунанд."
Дар идомаи сӯҳбаташ оқои Алиев гуфт: "Ин маънои онро надорад, ки шогирдон давоми чаҳор моҳ бидуни истироҳат дарс хонанд, агар дар моҳи феврал як рӯзи истироҳат таҳсил кунанд, имкон дорад боз моҳи оянда як рӯзи истироҳат таҳсил кунанд."
Дар вазорати омӯзишу парвариш гуфтанд, ки раҳбарони бахшҳои омӯзишу парвариш дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар муваззаф шудаанд ҷадвали дарсҳои як ҳафтаи таътили иловагиро бе эҷоди мушкил барои шогирдон ва устодон тартиб бидиҳанд.
Аммо шогирдони мадорис, ки дар ҳафта ду рӯз таътил яъне шанбе ва якшанбе доштанд метавонанд рӯзҳои шанбе дарс бихонанд ва рӯзи якшанбе истироҳат кунанд.
Дар ҳоле ки аз сеюми феврал таътили зимистонаи шогирдони мадорис ба поён расида буд, аммо ба далели сардии ҳаво ва душвор шудани рафтуомади шогирдон ба мадраса ва донишкадаву донишгоҳҳо Нуриддин Саидов, вазири омӯзишу парвариши кишвар то даҳуми феврал таътили зимистонаро барои тамоми муасисоти таълимӣ дар кишвар тамдид кард.
