Хатлон: Кӯдакони кӯлӣ ва чолиш барои қонуни масъулияти волидайн
Image copyrightBBC World ServiceФарҳанги хосси кӯлиён, ки кӯдаконашонро ба дарюзагӣ вомедоранд, фароянди иҷрои қонуни масъулияти волидайн дар ҷануби Тоҷикистонро, бо чолиш рӯбарӯ кардааст.
Бар асоси иттилоъи мақомоти маҳаллӣ дар ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ахиран додгоҳи ин ноҳия чаҳор нафар марди кӯлиро ба хотири нақзи “Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд” муҷозот карда аз онҳо ҷарима ситондааст.
Ин чаҳор нафар сапарастони хонаводаҳои кӯлиён, ки ба иддаъои мақомот, дар тарбияти фарзандонашон саҳми зарурӣ надоштаанд, баъд аз шикояти масъулони шуъбаи ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ додситонӣ алайҳи онҳо парвандаҳои идорӣ боз кардааст.
Ҷамила Шарипова, мудири ин шубъа ба Би-би-сӣ гуфт, ки кӯлиҳои ин ноҳия гаҳгоҳе қавонини Тоҷикистонро нодида мегиранд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар вилояти Хатлон сарпарастони ҳудуди 30 хонавода дар соли 2013 ба иттиҳоми бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияти фарзандонашон ҷарима шудаанд.
Аммо ин бори аввал аст, ки падарон аз хонаводаҳои кӯлиҳои хатлонӣ ба он чи мақомоти маҳаллӣ “хунукназарӣ дар таълиму тарбияти фарзанд” медонанд, муттаҳам шудаанд. Ҳамчунин, иддаъо шуда, ки мардони кӯлӣ кӯдаконашонро водор ба гадоӣ мекардаанд.
Рустам номи мустаъори як марди кӯлӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аст, ки мегӯяд тарки гадоӣ, яъне одати кӯлиён, барои қабилаи онҳо ғайримумкин аст. Вай мегӯяд, ки кӯлиён ба қонунҳои Тоҷикистон арҷ мегузоранд, аммо аз гадоӣ кардани фарзандонашон ҷилавгирӣ нахоҳанд кард.
Ӯ гуфт: "Ҳафт пушти мо гадоӣ кардааст, писарони ман бояд гадоӣ кунанд. Дар Тоҷикистон зиндагӣ дорем ва қонунро медонем, вале гадоӣ карданро ба фарзандони худамон меомӯзем, ки онҳо ин одати ниёкони моро идома диҳанд."
Аммо Ҷамила Шарипова мегӯяд, ки аъзои қабилаи кӯлиҳо новобаста аз русуми бобоияшон шиносномаҳои Тоҷикистонро доранд ва дар он ба унвони тоҷик сабт шудаанд. Аз ин рӯ, ба ақидаи вай, лӯлиҳо бояд ба қавонини мавҷуда дар ин кишвар арҷ гузоранд.
Масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мегӯянд, ки бисёре аз кӯлиҳо низ дар миёни муҳоҷирони корӣ ҳастанд ва бо шиносномаҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия гадоӣ мекунанд.
Ба бовари мақомот, ин кори кӯлиён номи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русияро “доғдор” мекунад.
Аз сӯйи дигар, хонум Шарипова афзуд, ки авохири соли 2013 пулиси Маскав 13 кӯдаки кӯлиро, ки сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ будаанд, боздошт карда ва ба Тоҷикистон бозпас фиристодааст.
Аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯянд намедонанд, ки ин кӯдакон бидуни иҷозаи волидон ва батанҳоӣ чигуна тавонистаанд, ба Русия раванд?
Умедҷон Каримов, як муҳоҷири хатлонӣ дар Маскав, мегӯяд, ки ба пойтахти Русия шумори зиёде аз кӯлиҳо барои гадоӣ мераванд ва худро чун тоҷик муъаррифӣ мекунанд.
Умедҷон мегӯяд: "Вақте, ки пулис ин кӯлиҳоро дар хиёбонҳо вақти гадоӣ дучор мешавад, шиноснома мепурсад. Дар шиноснома онҳо атбоъи Тоҷикистон зикр шудаанд. Баъд аз ин, пулис ба муҳоҷирон муносибати сард мекунад ва тоҷиконро гадо мегӯяд. Онҳо дар шиноснома лӯлӣ ё ҷугӣ сабт шаванд, хуб мешуд."
Аммо дар ҳамин ҳол, кӯлиҳо мегӯянд, ки гадоӣ расми бобоияшон буда ва онҳо аз қабил хона ба хона ва дар бозору хиёбонҳо даст ба гадоӣ мезаданд ва бо ин васила пулу нон барои зиндагияшонро пайдо мекунанд.
Намояндагони ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба рустоҳои кӯлинишин мераванд ва бо баргузории мулоқотҳо бо кӯлиён ба онҳо ҷузъиёти қонун “Дар бораи масъулияти падару модар”-ро шарҳ медиҳанд.
Масъулини бахши умури дохилаи Хатлон мегӯянд, ки бояд ба кӯлиҳо моҳияти қавонини кишварро фаҳмонанд ва нагузоранд, ки кӯдакони онҳо дар бозору хиёбонҳо гадоӣ кунанд.
Масъулини бахши маъориф мегӯянд, ки феълан кӯдакони кӯлӣ дар навоҳии Восеъ, Ёвон ва шаҳри Қурғонтеппа, макони умдаи зисти кӯлиҳо, дар мадрасаҳои маъмулӣ дарс мехонанд.
Аммо гуфта мешавад, ки кӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба хотири шеваи озоди зиндагӣ ба таҳсил дар мадраса аз худ рағбати зиёде нишон намедиҳанд. Бо ин вуҷуд, масъулони ноҳия гуфтанд, ки қарор аст онҳо барои сохтмони як мактаби ҳамагонӣ барои кӯлиҳо қитъаи замине ихтисос диҳанд.
Феълан дар ноҳияи Ҷалолидини Румӣ ҳудуди 2200 нафар аз кӯлиҳо ба сар мебаранд, аммо ҳеҷ оморе дар бораи теъдоди ҷамъияти онҳо дар вилояти Хатлон ва тамоми Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Фарҳанги кӯлиҳо дар Осиёи Миёна таваҷҷуҳи пажӯҳишгаронро ба худ ҷалб карда ва таҳқиқот ҳокист, ки онҳо дар замони қадим аз савоҳили рӯдхонаи Ганги Ҳиндустон ба минтақа кӯч бастаанд.
Дар баъзе кишварҳо ба кӯлиҳо, лӯлӣ, ҷӯгӣ, мугат ва сиган мегӯянд.
