Суғд: 'Озору азияти навҷавонон аз авомили аслии худкушии онҳост'

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, 24 нафар аз кӯдакон ва навҷавонон даст ба худкушӣ задаанд.
Масъулони ҳукумати ин вилоят мегӯянд, ки худкушии кӯдакон ва навҷавонон дар ин минтақа дар муқоиса бо соли гузашта даҳ маврид коҳиш ёфтааст.
Вале Аъзамҷон Холмирзоев, раиси бахши ҳуқуқи кӯдаки устондории Суғд, мегӯяд, ки масъалаи худкушии кӯдакон ва навҷавонон дар ин вилоят ҳамчунон нигаронкунанда аст.
Оқои Холмирзоев ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз миёни 24 кӯдак ва ҷавоне, ки дар ин давраи соли ҷорӣ худкушӣ карданд, 13 нафарро ҷавонписарон ва 11 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Вай мегӯяд: “Ҳар як воқеъаи худкушӣ аз сӯйи кормандони интизомӣ дар вилоят таҳқиқ ва арзёбӣ мешавад ва баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Вале мутаассифона, сабаби аксари мавориди худкушӣ номаълум мемонад ва ин мушкили аслӣ дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин падида аст.”
Оқои Холмирзоев муътақид аст, ки барои кушодани гиреҳи ин мушкил як ниҳоди вижае дар вилоят бояд таъсис ёбад ва коршиносон ва равоншиносон барои фаъъолияти густарда дар заминаи ҷилавгирӣ аз худкушӣ миёни кӯдакон ва навҷавонон дар он истихдом шаванд.
Оқои Холмирзоев мегӯяд, ки дар маҷмӯъ худкушӣ дар миёни кӯдакон ва навҷавонон дар Тоҷикистон тибқи арзёбии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ 7 нафар ба ҳар сад ҳазор нафар аз сокини ин кишварро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа ва Русия камтар аст.
Аммо вай афзуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон мавориди худкушӣ миёни кӯдакон ва навҷавонон дар вилояти Суғд бештар сабт шудааст.
Аз ин рӯ, бо дархости мақомоти вилояти Суғд ва ҳимояти молии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони Донишгоҳи Куламбиё ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин вилоят таҳқиқоте дар заминаи сабабҳои даст ба худкушӣ задани кӯдакон ва навҷавонон анҷом додаанд.
Пешниҳодҳо барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ
Ҳарчанд таҳқиқот дар ин замина дар соли 2011, яъне ду сол қабл, анҷом шуда, вале расми муъаррифии гузориш дар мавриди он бо таъхир, рӯзи чаҳоршанбеи 4 декабр баргузор шуд. Вале ба гуфтаи масъулони давлатӣ ва намояндагони Сандуқи кӯдаки СММ ҳадаф аз ин тадбир ҷилавгирӣ аз ин падидаи номатлуб дар Тоҷикистон аст.
Дар расми муъаррифии ин гузориш пешниҳодҳое низ ба давлати Тоҷикистон барои беҳбудии вазъияти кӯдакон ва навҷавонон ва коҳиши мавориди худкушии онҳо ироа шудааст. Аз ҷумла, яке аз ин пешниҳодҳо ироаи салоҳияти инъикос ва вокуниш ба мавориди худкушӣ аз додситонӣ ба Вазорати кор ва таъмини иштиғол аст.
Ҳамчунин, роҳандозии як тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон, ки дар он ҷилавгирӣ аз хушунат, тарғиби зиндагии солим ва ҳифозати саломати занон ва духтарон дар авлавият қарор дорад, аз ҷумлаи пешниҳодҳои дигари коршиносон барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ дар ин кишвар аст.
Лайлӣ Муширӣ, раиси намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, ҳадаф аз муъаррифии ин гузоришро ошно сохтани мардум бо авомили аслии худкушӣ дар Тоҷикистон хонд.
Вай мегӯяд: “Далели баргузории ин ҷаласа ин аст, ки мо дар мавриди ёфтаҳои таҳқиқие, ки дар мавриди худкушӣ шуда, битавонем баҳс кунем, авомиле, ки боъиси ин падида дар ҷомеъа мешавад, бештар баррасӣ кунем. Ва дар мавриди роҳи ҳаллҳое, ки дар қолаби шароити Тоҷикистон ва дар қолаби хадамоте, ки ин ҷо ироа мешавад, мавриди баҳс қарор диҳем. Ба хотири ин ки аз ин ёфтаҳо мо ҳадди аксар истифода кунем, барои ин ки тавонем посухгӯ бошем ба ин муъзале, ки ҷавононро таҳдид мекунад.”
Сабабҳои аслии худкушӣ дар гузориш
Дар пажӯҳиши коршиносони ду донишгоҳ дар вилояти Суғд мушаххас шудааст, ки дар тӯли ду соли 2009 ва 2010 дар қаламрави ин вилоят 160 мавриди худкушии кӯдакон ва навҷавонон расман сабт шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ин гузориш, ки аз моҳи январи соли 2009 то моҳи марти соли 2011-ро дар бар гирифтааст, бо ҳудуди 800 нафар аз сокинони навоҳии мухталифи вилояти Суғд ва кормандони интизомӣ пурсишҳо анҷом шудааст.
Таҳқиқот мушаххас карда, ки бештари мавориди худкушӣ дар ноҳияи Панҷакенти ин вилоят ба мушоҳида расидааст. Ҳамчунин, дар гузориш сабабҳои аслии худкушӣ дар ин вилоят радабандӣ шуда ва бемориҳои руҳӣ яке аз сабабҳои аслии даст задани кӯдакон ва навҷавонон ба худкушӣ дар ин минтақа будааст.
Мушкилоти иқтисодӣ ҷойгоҳи дувумро дар ин радабандӣ ба худ ихтисос дода ва аъмоли бераҳмона аз сӯйи хешовандон ба кӯдакон ва навҷавонон севумин сабаби ба худкушӣ даст задани кӯдакон ва ноболиғон будааст.
Ҳамчунин, издивоҷҳои иҷборӣ, даъвои миёни завҷҳо, нобоварӣ ба зиндагӣ, ҷудошавии ошиқон ва талоқ аз ҷумлаи далоиле будаанд, ки кӯдакон ва ноболиғонро ба худкушӣ водор месозанд.
Таҳқиқот ҳамчунин муъайян кардааст, ки аксари афроде, ки худкушӣ ва ё сӯиқасд ба худкушӣ кардаанд, аз шеваи ба дор овехтан истифода кардаанд. иддае низ худро масмум кардаанд ва бархе дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо худро ғарқ кардаанд. Яке дигар аз шеваҳои худкушӣ дар ин минтақа худсӯзӣ аст, ки бештар занон ва духтарон аз он истифода мекунанд.
Пажӯҳиши коршиносони донишгоҳи Куламбия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи худкушӣ миёни сокинони аз 12 то 24-сола дар вилояти Суғд дар ҳоле муъаррифӣ мешавад, ки ҷомеъашиносон ба афзоиши густардаи худкушӣ миёни ҷавонон дар манотиқи дигари ин кишвар таъкид мекунанд.
Аз ҷумла, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ чанд мавриди даст задани шогирдони мактабҳои ҳамагонӣ ба худкушӣ гузориш шуда буд, аммо то ҳол маълум нест, ки ангезаҳои ин воқеъот чист?
