Unicef масъулиятшиносии ТВ Баҳористонро зери савол бурд

  • 30 Сентябр, 2013
Телевизюни "Баҳористон"
Image caption СММ тақозо карда масъулони "Баҳористон" дар танзими барномаҳои худ аз дастурамали вижаи Кунвенсиюни ҳуқуқи кудакон дар ин замина истифода кунанд

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (Unicef) аз масъулони расонаҳои иттилоъотӣ дархост кардааст, дар интихоби барномаҳо барои кӯдакон таваҷҷӯҳи вижа зоҳир кунанд.

Сандуқи кӯдакон рӯзи душанбеи 30 сентябр дар ин бора дар саҳифаи Facebook-и худ иттилоъияе пахш кардааст.

Дар ин иттилоъия аз масъулони расонаҳо дархост шуда, то дарк бикунанд, ки дар ҷараёни танзими пахши барномаҳо барои кӯдакон, дар тавсеъаи зеҳнӣ ва рӯҳии кӯдакон масъулият доранд.

Ин масъулони СММ зимни интиқод аз намоиши гузриши мавсум ба "Пойбанди нафрат" тавассути “Баҳористон”, ширкати телевизюни вижаи кӯдаконро “хилофи усули ахлоқии масоили марбут ба кӯдакон” номидааст.

Дар ин иттилоъия мехонем, ки намоиши саҳнае, ки бадани кӯдаки мурда ва маъюбшударо бо тавзеҳоти бепарда аз сӯйи қотили кӯдак дар ин гузориш боъиси сар задани мубоҳисоти зиёде дар миёни сокинони кишвар шудааст.

Ҳарчанд дар иттилоъияи намояндагии сандуқи кӯдакон унвони гузориш дарҷ нашудааст, аммо "Пойбанди нафрат" танҳо гузоришест, ки ахиран дар телевизиюни давлатӣ пахш шуда ва дар он ҷасади хунини кудак намоиш дода шуд.

Unicef дар Тоҷикистон навишта, усул ва дастурамал барои таҳия ва пахши барномаҳо барои кӯдакон ва ва навҷавонони то 18-сола бар асоси Кунвесиюни ҳуқуқи кӯдак таҳия шудааст. Ба гуфтаи масъулони ин созмон ин дастурамал метавонад ба унвони як роҳнамое барои рӯзноманигорон ва расонаҳо барои омода кардани барномаҳо барои кӯдакон шавад.

Дар ин иттилоъия мехонем: "Ин дастурамал метавонад бидуни ба хатар андохтани ҳуқуқи кӯдак” ва ба манфиъати мардум барои ҳимоят аз беҳтарин ниятҳои хабарнигорон дар пахши барномаҳои ахлоқӣ кунамак кунанд."

Афзун бар ин Сандуқи кудакони СММ дар Тоҷикистон матни дастурамали мавриди таваҷҷӯҳро бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ дар ин иттилоъия овардааст.

Дар гузориши "Пойбанди нафрат" эътирофи як сокини 20-солае аз водии Рашд, ки худро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муъаррифӣ карда намоиш дода шуд, ки қатли як кӯдаки ҳаштсоларо ба гардан мегирад ва мегӯяд, ки ӯ ин кӯдакро таҷовуз низ кардааст.

Дар ҳамин барнома ин ҷавон мегӯяд, ки худи ӯ низ дар замони кӯдакӣ аз сӯйи муддаррисаш мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.

Ин филм аз 20 то 23 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз ҷумла шабаки вижаи кӯдакони бо номи “Баҳористон” пахш шуд.

Қаблан шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори як баёния пахши ин филмро маҳкум карда будаанд.

Ҳамчунин масъулони Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ҳафтаи гузашта дар баёнияе аз пахши филми мустанади "Пойбанди нафрат" дар телевизиюни давлатӣ шадидан интиқод кард ва гуфтанд, намоиши чунин филм боиси коҳиши обрӯи ҳукумат шуда ва метавонад суботи кишварро ба ҳам занад.

Матолиби муртабит