Интиқоди созмонҳои рӯзноманигорӣ аз пахши филме "нафратангез" дар телевизиюнҳои давлатӣ

Шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори як баёния пахши филми "Пойбанди нафрат" дар шабакаҳои телевизиюни давлатии ин кишварро маҳкум кардаанд.
Дар ин баёния, ки аз ҷониби Шӯрои Расонаҳо, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ва созмони мавсум ба "Медия-Алянс" пахш шуд, бавижа аз пахши ин филм дар шабакаи кӯдаконаи "Баҳористон" интиқод кардаанд.
Ба гуфтаи онҳо, пахши ин филм дар телевизиюни кӯдакон бо нишон додани саҳнаи кӯдаке кушташуда "муносибати ғайриҳирфаӣ ва қонуннописандии дастандаркорони шабакаҳои давлатии телевизиюни Тоҷикистон"-ро нишон медиҳад.
Дар баёния омадааст: "Бо намоиш додани чунин барнома меъёрҳои конститутсионии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқи фитрии инсон, ҳаққи қонунии кӯдакон ва наврасон оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамона будани асрори ҳаёти кӯдакон ва амсоли онҳоро дағалона поймол кардаанд."
Зимнан, филми "Пойбанди нафрат" рӯзҳои 20 то 23 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон пахш шуд. Дар ин филм Сомон Муҳаббатови 20-сола, ки худро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муъаррифӣ мекунад, аз таҷовуз карданаш ба номуси Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола ва қатли ӯ ҳикоят кардааст.
Дар ин филм Сомон Муҳаббатов иброз дошт, ки худаш низ аз ҷониби мударрисони мадрасае динӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи Тоҷикистон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст.
Ба навбаи худ, ҲНИТ дар як баёния узвияти Сомон Муҳаббатов ба ин ҳизбро рад кард ва пахши чунин барномаро муғойир бо Қонуни асосӣ ва Қонун "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" арзёбӣ карда буд.
Дар баёнияи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ҳадс зада мешавад, ки пахши чунин барнома дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ғаразҳои сиёсӣ дошта ва "бар зидди рақибони сиёсӣ равона гаштааст."
Созмонҳои рӯзноманигорӣ истифода аз кӯдакону навҷавонон ё ба бозиҳои сиёсӣ кашидани онҳо барои расидан ба аҳдофи гурӯиро "тангназарӣ ва камоли ноҷавонмардӣ" хондаанд.
Дар баёнияи худ онҳо ҳамчунин таҳия ва пахши чунин барномаҳоро дар телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон "ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур" талаққӣ кардаанд, ки дар онҳо аз "меъёрҳои ахлоқии фаъъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон" сарфи назар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи созмонҳои рӯзноманигорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар ҷаласаи таҷлил аз 22-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даъват карда буд, ки "фарҳанги волои сиёсиро риъоят карда, ин маъракаи муҳиммро ба майдони моҷароҷӯйӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд."
Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз давлат тақозо кардаанд, ки ба пахши чунин "барномаҳои нафратангез" баҳои ҳуқуқию сиёсӣ диҳад.
Зимнан, Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали раиси Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабаргузории "ASIA-Plus" пахши филми "Пойбанди нафрат"-ро дар шабакаи кӯдаконаи "Баҳористон" амре зарурӣ хондааст.
Ба эътиқоди вай кӯдакон бояд хубу бадро дарк кунанд ва ҳамчун инсони некдилу накӯкор бузург шаванд. Зеро кӯдакон "тавассути афсонаҳое, ки дар онҳо неку бад ба ҳам мубориза мекунанд, бузург шуда ва мефаҳманд, ки некӣ ҳамеша бар бадӣ пирӯз мешавад."
