Атовулло боздошташро дар Facebook шарҳ дод

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор" гуфтааст, ки “суфоришгарон”-и боздошти ахири ӯ дар шаҳри Маскав мақомоти давлати Тоҷикистон буданд.
Рӯзи гузашта гузориш шуда буд, ки ӯ ҳангоме, ки аз ҳавопаймои масири Прог-Маскав дар фурӯдгоҳи Шереметево пиёда мешуд, аз сӯйи кормандони интизомии рус боздошт шуда буд. Оқои Атовулло гуфт, ки кормандони интизомии рус ӯро водор кардаанд, ки дубора ба Прог бозгардад.
Оқои Атовулло дар саҳифаи “Facebook”-и худ зимни шарҳи сабаби боздошташ дар Русия навиштааст: “Ман дар бахши расидагӣ ба гузарномаҳои фурӯдгоҳ боздошт шудам ва маро ба утоқи вежае интиқол доданд.”
Оқои Атвулло менависад, то замоне, ки ҳодисаи боздошти ӯ дар фурӯдгоҳ пушиши хабарӣ наёфта буд, кормандони интизомии рус аз шарҳи иқдоми хеш ба вай худдорӣ мекарданд ва "аслан бо вай суҳбат накарданд."
Ӯ меафзояд, баъд аз он ки дар расонаҳо дар мавриди боздошташ иттилоъ пахш шуд, рафтори ин кормандон бо вай тағйир ёфта ва оқои Атовулло навиштааст, ки “маълум буд, ки кормандони имнтизомии рус суфориши касеро бемайлона иҷро мекарданд.”
Оқои Атовулло муддаъӣ аст, ки дар боздошти ӯ мақомоти баландпояи давлати Тоҷикистон даст доранд. То ҳоло ниҳодҳои зидахли давлати Тоҷикистон ба ин суханони оқои Атовулло вокунише накардаанд.
Ин барои бори нахуст нест, ки оқои Атовулло дар Русия аз сӯйи кормандони интизомии он кишвар боздошт мешавад. Дар соли 2001 ӯ дар Маскав боздошт шуда буд ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурд, аммо бо талошҳои ҷомеъаи байналмилалӣ озод шуд.
Ҳамчунин дар зимистони соли 2012 ба ҷони Додоҷони Атовулло дар шаҳри Маскав суиқасд анҷом гирифт ва дар пайи ин суйиқасд ӯ шадидан ҷароҳат бардошта муддате дар яке аз бемористонҳои он шаҳр бистарӣ шуд.
