Баҳсҳо перомуни рӯзноманигории сиёсӣ дар Тоҷикистон

  • 25 Июл, 2013
Ҳамоиш
Image caption Бархе аз ширкаткунандагон гуфтанд, ки рӯзноманигории сиёсӣ дар Тоҷикистон ба таври комил шакл нагирифтааст

Дар як ҳамоиш дар Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи панҷшанбе 25 июл доир шуд, рӯзноманигорону коршиносон ва сиёсатмадорон мавзӯъи шаклгирии рӯзноманигории сиёсӣ дар ин кишварро ба баррасӣ гирифтанд.

Дар ҳамоиши "Масоили ташаккули рӯзноманигории сиёсӣ дар Тоҷикистони мустақил" бархе аз ширкаткунандаҳо бар ин бовар буданд, ки то ҳол рӯзноманигории сиёсӣ дар кишвар ба таври комил вуҷуд надорад.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва раҳбари маркази пажӯҳишии "Бозтоб", гуфт, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бахши рӯзноманигории сиёсӣ вуҷуд надорад аз ин рӯ, рӯзноманигорони ҷавоне, ки тоза дар бораи мавзӯъҳои сиёсӣ матлаб менависанд, иттилоъи кофӣ дар бораи сиёсат надоранд.

Ба андешаи ӯ, риштаи рӯзноманигорӣ дар донишгоҳҳо бояд ба бахшҳо тақсим шавад ва яке аз бахшҳо рӯзноманигории сиёсӣ бошад. Танҳо дар ин сурат, рӯзноманигори сиёсӣ ҷойгоҳи худро дар ҷомеъа пайдо мекунад.

Оқои Мирзо афзуд: "Аз таъсиси нахустин рӯзномаҳо, монанди "Бухорои шариф" ва баъдан, рӯзномаҳои замони истиқлол, мисли "Чароғи рӯз", "Рӯзи нав", рӯзноманигории сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳамеша бо фишорҳо рӯбарӯ буд. Ба ҳар навъе дар нашру дастрасии ин рӯзномаҳо халал ворид мешуд ва билохира фаъъолияти аксари нашрияҳои мустақил ва сиёсӣ мутаваққиф шуд."

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири нашрияи "Озодагон", мегӯяд, ки дар Тоҷикистон рӯзноманигории сиёсӣ вуҷуд дорад, аммо ин бахш ҳамчунон заъиф аст.

Ӯ мегӯяд, ки дар вазъи феълӣ Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, ки рӯзноманигори сиёсӣ он тавр ки дар кишварҳои урупоӣ ва бархе аз кишварҳои Омрикои Лотин фаъъолият дорад, вуҷуд дошта бошад.

Оқои Маҳмуд гуфт: "Ҳатто дар солҳои 1988 то 1992 вазъи рӯзноманигории сиёсӣ дар кишвар аз ҳолати кунунӣ бамаротиб беҳтар буд. Агар дар шаҳрҳои бузург рӯзноманигории сиёсӣ дар шакли хеле маҳдуд ба чашм мерасад, дар маҳаллҳо аслан аз рӯзноманигории сиёсӣ дараке нест."

Бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, аз ҷумла Суҳроб Шарифов, узви порлумон, ҳам бар ин назар буданд, ки рӯзноманигорони сиёсӣ танҳо дар раванди сиёсӣ метавонанд ҳамроҳ бошанд, аммо дар маҷмӯъ сиёсатро сиёсатмадорон меофаранд на рӯзноманигорон.

Аммо Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, гуфт, ки дар Тоҷикистон рӯзноманигории сиёсӣ вуҷуд дорад, аммо ҳанӯз ба таври комил шакл нагирифтааст.

Ба андешаи оқои Зойиров, агар дар ҷомеъа сиёсати оммавӣ инкишоф наёбад, рӯзноманигории сиёсӣ ҷойи худро дар ин ҷомеъа пайдо намекунад.

Ӯ гуфт: "Фаъъолияти рӯзноманигории сиёсӣ иборат аз пайдо кардани сарнахи бозиҳои сиёсии сиёсатмадорон аст, на нашру инъикоси он матолиби сиёсие, ки ба нафъи худи сиёсатмадорон аст."

Иброҳим Усмонов, устоди донишгоҳ, мегӯяд, ки мо рӯзноманигорони сиёсӣ надорем, аммо дар ҳафтаномаҳо танҳо матолибе дар бораи мавзӯъоти сиёсӣ ба нашр мерасанд, ки ин ҳанӯз ба маънои рӯзноманигории сиёсӣ нест.

Вай гуфт: "Рӯзноманигор қабл аз ҳама сиёсатмадор аст ва бисёре аз сиёсатмадорон аз ҷоддаи рӯзноманигорӣ ба сиёсат расидаанд."

Дар поёни ин ҳамоиш гуфта шуд то даме ки расонаҳо ва матбӯъот аз сӯйи давлат маблағгузорӣ мешаванд ва аҳдофи идеулужии давлатро ба мардум таблиғ мекунанд, дар мавриди рӯзноманигории сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳарф задан мушкил аст.

Матолиби муртабит