Хуросон: Парвандаи қатли фаҷеъи як кӯдак ба додгоҳ ирсол шуд

Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи як навҷавони ноболиғро, ки ба таҷовуз ва қатли фаҷеъи кӯдаке нуҳсола муттаҳам шудааст, анҷом дода ва барои муҳокима ба додгоҳ ирсол кардааст.
Ғолибназар Холов, шогирди клоси 9-уми мактаби ҳамагонии шумораи 3-и ноҳияи Хуросон, беш аз як моҳ қабл ба занни қатли кӯдаке ба номи Умедулло, ки 9 сол дошт, дастгир шуда буд.
Масъулони додситонӣ алайҳи Ғолибназар Холов бар асоси моддаҳои 139 ва 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатли фаҷеъ парванда боз карда буданд.
Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷароим аз 15 то 20 сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки фарди муттаҳам ба иртикоби ин ҷурм ҷавоне ноболиғ аст, суҳулатҳое дар ин замина дар қонун дар назар гирифта шудааст.
Кашфи ҷасади кӯдаке 9-сола бо нишонаҳои марги иҷборӣ дар ноҳияи Хуросон ба сару садоҳое дар миёни мардуми маҳаллӣ доман зад ва кормандони пулис ин ҷурмро “қатли бераҳмона ва ваҳшиёна” эълом карданд.
Фарди мазнун дар иртикоби ин ҷурм баъд аз гузашти як рӯз пайдо ва дастгир шуд.
Бозраси парванда мегӯяд, ки шавоҳиди бадастомада дар ҷараёни таҳқиқи парванда нишон медиҳад, ки Ғолибназар Холови 15-сола пас аз даъво бо Мадина Шарипова, хоҳари бузурги Умедулло, даст ба интиқомҷӯӣ зада ва рӯзи 19 август ин кӯдакро ба қатл расондааст.
Ба гуфтаи ин корманди додситонӣ, Ғолибназар Холов дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса дар ҳузури шоҳидон маҳалли вуқӯъи ин воқеъаро нишон додааст.
Музаффар Юсупов, раиси бахши бозҷӯйии ҷароими сангин дар додситонии вилояти Хатлон, гуфт, ки фарди мазнун дар рӯзи воқеъа аз хона бо худ корд ва симеро гирифта ва савори асп ба маҳалли нигоҳдории ҳайвоноти аҳлии хонаводаи Шарипов рафта ва ин ҷурмро муртакиб шудааст.
Оқои Юсупов афзуд, ки ин навҷавони понздаҳсола ба зарби чоқу 16 зарба бар андоми Умедулло, ки шаш сол кӯчактар аз ӯ буд, ворид карда ва ӯро куштааст. Пас аз ин кор, ӯ ҷасади кӯдакро пинҳон кардааст.
Парвандаи ҷиноӣ ҳокист, ки фарди муттаҳам ба ин ҷурм баъд аз қатли кӯдак ба лаби ҷӯй рафта, даст ва либосҳои хунолуди худро шустаасту ба хона рафтааст, аммо дертар дубора ба маҳалли воқеъа бозгаштааст.
Дар бораи ин воқеъа торнамои Вазорати кишвари Тоҷикистон қаблан хабаре пахш карда ва навишта буд, ки даст задани як фарди ноболиғ ба чунин ҷурми сангине бояд падару модаронро водор созад, ки дар таълиму тарбияти фарзандони худ масъулияти бештаре эҳсос кунанд.
Кормандони пулис дар вилояти Хатлон низ ин воқеъаро яке аз сангинтарин мавориди иртикоби қатл тавассути фарде ноболиғ дар қаламрави ин вилоят дар беш аз даҳ соли ахир арзёбӣ кардаанд.
