Захмӣ шудани як нафар дар задухӯрд миёни навҷавонон дар Душанбе

  • 16 Октябр, 2013

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи ноболиғон ба иттиҳоми даст доштан дар авбошӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Сойти рамии ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбеи 16 октябр навишт, ки боздошти ин афрод ба дунболи захмӣ шудани як навҷавони 16-сола дар задухӯрде миёни навҷавонон дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Пулис мегӯяд, ки задухӯрди гурӯҳӣ миёни ҳудуди 10 навҷавон дар хиёбони Шамсӣ, дар наздикии маркази тиҷоратии мавсум ба "Саъодат" баъд аз зуҳри рӯзи 15 октябр рух додааст.

Як ҷавони 20-сола дар ҷараёни ин ҳодиса бо зарби чоқӯ як ноболиғро, ки пулис аз ӯ Саид Қурбонов ном бурда, шадидан захмӣ кардааст. Дар натиҷа, навҷвони маҷрӯҳ ба бемористони наздик ба маҳалли ҳодиса интиқол дода шудааст.

Кормандони пулис дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Задухӯрди миёни навҷавонон дар шаҳри Душанбе баъд аз як рӯзи ҳушдори кормандони пулис ба волидон дар бораи таҳти назорат қарор додани фарзандонашон дар рӯзи иди Қурбон рух додааст.

Пулис далели аслии ин ҳушдорро "таъмини амнияти кӯдакон ва навҷавонон" хонда буд.

Ин нахустин бор нест, ки пулис аз задухӯрдҳои гурӯҳӣ миёни навҷавонон дар Тоҷикистон гузориш медиҳад. Дар соли ҷорӣ бар асари чандин маврид аз чунин вақоеъ чанд нафар аз навҷавонон ҷони худро аз даст доданд ва ё шадидан ҷароҳат бардоштанд.

Дар баҳори соли ҷорӣ як донишҷӯ дар шаҳри Душанбе дар задухӯрди мушобеҳе аз сӯйи як шогирди мактаби ҳамагонӣ ба қатл расида буд.

Бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон аз густариши мавориди хушунат миёни кӯдакон ва навҷавонон шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар бархе авқот дар задухӯрдҳо миёни навҷавонон, ки бештар дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад, ин гурӯҳҳо аз чоқу ва анвоъи дигари силоҳи сард истифода мекунанд.