Қатли "ваҳшиёнаи" кӯдаке дар ноҳияи Хуросон

Бахши вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз “қатли ваҳшиёнаи” писаре 9-сола дар ноҳияи Хуросон хабар дод.
Бино ба иттилоъи пулис ҷасади ин кӯдак имрӯз, 20-уми август дар замини кишварзии мутаъаллиқ ба ширкати кишоварзии “Саъдулло”, воқеъ дар ҷамоъати Даҳанаи ноҳияи Хуросон пайдо шудааст.
Офоқи Қодириён, сухангӯи бахши вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки мутахассисон мушаххас кардаанд, ки таҷовуз ба номус ва қатли ин кӯдак дар ҳудуди соъати шаши 19-уми август сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи хонуми Қодириён гардани ин кӯдаки 9-сола бурида шуда ва ӯ дар асари ин захм, ки ба эҳтимоли зиёд бо корд ворид шудааст, ҷони худро аз даст додааст. Пулис ин ҳодисаро “қатл бо роҳи зуроварӣ ва ваҳшиёна” унвон мекунанд.
Хонуми Қодириён гуфт, ки дар ин қазия гумонбаре мушаххас шудааст, ки пулис дар ҳоли ҷустуҷӯи ӯ қарор дорад.
Пулис дар бораи хонаводаи кӯдаки кушташуда ва афроди гумонбар дар ин қазия иттилоъ надодаанд.
Ин аввалин ҳодисаи таҷовуз ба номус ва қатли кӯдак дар соли 2013 дар вилояти Хатлон аст.
