UNICEF: "Пазироии кӯдакони маълул ба муассисаҳои вижа таълиқ шавад"

  • 5 Июн, 2013
Кӯдакони муассисаи вижа
Image caption Масъулони Сандуқи Кӯдаки СММ пешниҳоди таълиқи пазироии кӯдакони маълулро ба муассисоти вижаи шабонарӯзӣ дар Тоҷикистон карданд

Бар асоси иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон 26 ҳазору 345 нафар аз кӯдакон ва навҷавонони маълул, ки кумакҳои иҷтимоъиро дарёфт мекунанд, ба сар мебаранд.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи расмӣ бурӯзи бемории фалаҷ дар соли 2010 дар Тоҷикистон 420 кӯдакро дар минтақаи марказӣ ва шарқии ин кишвар маълул кардааст.

Ин омор дар ҷараёни муъаррафии гузориши “Вазъи кӯдакони маълул дар ҷаҳон” дар ҳамоише, ки рӯзи сешанбеи 4 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ироа шуд.

Мубтакири баргузории ин ҳамоиш намояндагии UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон буд ва масъалаи аслии матрӯҳа дар ин нишаст, мушкилоти дастрасии аксари чунин кӯдакон ба омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин ин сандуқ пешниҳоди лағви пазироии кӯдакони маълулро ба муассисоти вижаи шабонарӯзӣ дар Тоҷикистон кард ва гуфт, ки чунин кӯдакон бояд дар хонавода тарбият ёбанд.

Намояндагони Сандуқи кӯдаки СММ дар ин ҳамоиш ба масъалаи ҷалби кӯдакон ва навҷавонон барои таҳсил дар макотиби ҳамагонии маъмулӣ низ таъкид доштанд.

Лайлӣ Муширӣ, раиси намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон бо таъкид бар омори расмӣ дар мавриди беш аз 26 ҳазор кӯдаки маълул дар ин кишвар мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба арзёбии байналмилалӣ, аз ҷумла коршиносони Созмони ҷаҳонии Беҳдошт дар мавриди маълулияти кӯдак, эҳтимол доштааст, ки омори воқеъии афроди маълули зери синни 18-сола дар Тоҷикистон панҷ баробар беш аз омори расмӣ бошад.

Хонуми Муширӣ дар мавриди душвориҳои аслии ин кӯдакон мегӯяд: "Табъиз, нақзи ҳуқуқ, канорагирӣ дар ҷомеъа ва адами дастрасӣ ба омӯзишу парвариш ва хадамоти беҳдоштӣ аз мушкилоти аслии кӯдакони маълул дар кишварҳои ҷаҳон аст. Дар Тоҷикистон, ки кишвари дар ҳоли тавсеъа аст, мушкилоти кӯдакони маълул ду баробар бештар аз кишварҳои дигар аст."

Ба гуфтаи хонуми Муширӣ дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор кӯдак дар муассисаҳои вижа барои маълулон ба сар мебаранд, ки ин шумор 16 дарсади омори расмии кӯдакони маълулро ташкил медодааст.

Маъоши ночизи маълулин

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз ҷавонони маълул, ки натавонистаанд ба далели мушкилоти иҷтимоъӣ, аз ҷумла фақр хонаводаҳояшон, дар мактаб дониш бигиранд, мегӯянд, ки худро афроди нолозим барои ҷомеъа эҳсос мекунанд.

Онҳо меафзоянд, ки мехоҳанд дар канори мардуми дигар ҷойи кор дошта бошанд ва барои пайвандони худ ва ҷомеъа афроди судманд бошанд.

Image caption Оқои Ёрбобоев гуфт, ки давлат ба танҳои ҳалли тамомии мушкилоти кӯдакони маълулро надорад

Ба ин нукта хонуми Муширӣ дар ин нишаст низ таъкид кард ва гуфт, ки афроди маълул ҳуқуқи комил дар баробари сокинони дигари ҷомеъаро доранд ва бояд ба омӯзишу парвариш дастрасӣ дошта бошанд.

Назриддини 10-сола, яке аз кӯдакони хушбахт аст, ки дар мактаби ҳамагонии маъмулин дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил мекунад. Назриддин Воҳидов аз ҷумлаи чанд нафари дигар аз кӯдакони маълул буд, ки дар ҳамоиши имрӯз дар Душанбе ҳамроҳ бо модараш ширкат дошт ва гӯш мекард, ки чи тавр доиҳо ва холаҳои бузургаш дар мавриди мушкилоти кӯдаконе мисли ӯ суҳбат мекарданд.

Назриддин дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар канори кӯдакони дигар таҳсили хубе дорад ва танҳо дар навиштан мушкил дорад.

Вай афзуд: "Дарси риёзиётро дӯст дорам, аммо муъаллима мегӯяд, ки ҳусни хатам безеб аст. Ман орзу дорам, духтур (пизишк) шавам."

Майсарамоҳ Юсупова, модари Назриддин мегӯяд, ки кӯдаки вай бо ҳамсиннонаш мушкил надоштааст. Аммо вай афзуд: "Маъмулан чанд нафар аз шогирдони мактаб қабл аз оғози дарс ба манзил меоянд ва Назриддинро дар роҳ ҳамроҳӣ мекунанд. Дӯстони нағз дорад. Мушкили аслие, ки мо дорем, камбуди сармоя барои баровардани ниёзмандиҳои рӯзгор аст. Барои Назриддин 100 сомонӣ маъоши маълулият медиҳанд, ки дар шароити феълӣ хеле кам аст."

Давлат дар ҳалл масоил мушкил дорад

Масъулони Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди роҳандозии барномаи давлатӣ барои фаро гирифтани кӯдакон ва навҷавонон бо омӯзишу парвариш шумори бештари кӯдакон ва навҷавонони маълул аз таҳсил дар макотиб дар канор будаанд.

Раиси намояндаги UNICEF дар Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба тарбияти кӯдакони маълул дар муҳити хонаводагӣ ва иртиботи онҳо бо кӯдакони ҳамсин дар ҷомеъа таъкид кард.

Image caption Хонуми Муширӣ гуфт, ки кӯдакони маълул ниёз ба омӯзишу парвариш дар макотиби ҳамагониро доштаанд

Аз ин рӯ яке аз масоили аслие, ки аксари суханронон дар ин ҳамоиш ба он таъкид карданд, фаро гирифтани кӯдакони маълул ба омӯзиш дар макотиби маъмулии ҳамагонӣ дар Тоҷикистон буд.

Аммо камбуди мутахассисони вижаи арсаи омӯзишу парвариш барои тадрис ба чунин кӯдакон, дар роҳи иҷрои ин амал мавонеъ эҷод мекардааст.

Алишер Ёрбобоев, раиси Идораи иштиғол ва таъмини иҷтимоъии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин нишаст гуфт, ки ҳудуди 100 муассисаи марбут ба афроди маълул дар Тоҷикистон, ба корхонаҳо ва вазоратҳо вобаста шуда ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнҳои мухталиф ба бошандагони ин муассисаҳо кумакҳое ироа мешавад.

Ҳамчунин оқои Ёрбобоев таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст моҳона сармояи нигаҳдории афроди маълул дар ин муассисаҳоро то 800 сомонӣ расонад.

Аммо вай афзуд: "Бояд гуфт, ки ҳалл кардани масоили кӯдакони маълул ва кӯдаконе, ки имконияташон маҳдуд аст, танҳо аз ҷониби давлати Тоҷикистон мушкил аст, аз ин рӯ ман барои кумакҳои арзандаи созмонҳои байналмилалӣ ва бавижа UNICEF сипосгузор ҳастам."

Кӯдакони маълул бояд дар хонавода бошанд

Яке аз пешниҳодоти умдаи UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ба давлати Тоҷикистон, тасвиб ва иҷрои Кунвенсиюни ҳуқуқи афроди дорои маълулият ва Кунвенсиюни ҳуқуқи кӯдак дар ин кишвар буд.

Ҳамчунин ин созмон дар пешниҳоди дигаре аз мақомоти ин кишвар дархости тақвияти мубориза бо табъиз алайҳи афроди маълул ва афзоиши сатҳи огоҳӣ дар бораи ин қишри ҷомеъа дар миёни мардумро кардааст.

Image caption Назриддин яке аз кӯдакони маълул буд, ки дар ҳамоиши имрӯз ширкат дошт

Дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ, макотиби ҳамагонӣ, васоили мусофирбарӣ ва эҷоди шароити рафту омади ин кӯдакон дар ин амокин аз ҷумлаи машварати дигари Сандуқи Кӯдаки СММ ба давлати Тоҷикистон будааст.

Масъулони ин созмон барои ширкат дар нишасти имрӯз дар канори намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва давлатӣ иддае аз кӯдакон ва навҷавонони маълул ва волидони онҳоро даъват карда ва пешниҳод карданд, ки дар оянда нишастҳое барои ҳалли масоили марбут ба афроди маълул бо ширкати ин қишри ҷомеъа баргузор шавад.

Афзун бар ин дар ҳамоиш пешниҳод шуд, ки намояндагони ҷамъият ва созмонҳои маълулон дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби қонунҳое, ки ба зиндагии иҷтимоъии онҳо вобаста аст, ширкат кунанд.

Ҳамчунин яке аз пешниҳодоти дигар ин созмон ҷилавгирӣ аз ҷой додани кӯдакон дар муассисоти вижаи нигаҳдории кӯдакони маълул ва ба таълиқ даровардани пазироии чунин кӯдакон ба ин муассисот буд.

Зеро коршиносони ширкаткунанда дар ин ҳамоиш таъкид доштанд, ки яке аз авомили аслии ҳимоят аз саломати равонии кӯдакони маълул муроқибати меҳрубононаи онҳо аз сӯйи пайвандон дар хонаводаҳо будааст.

Ба гуфтаи пизишкони равоншинос дар натиҷаи супурдани кӯдакони маълул ба муассисоти вижаи шабонарӯзӣ ва ба буттаи фаромӯшӣ супурдани онҳо ин кӯдакон аз танҳоӣ ба бемориҳои равонӣ гирифтор мешаванд.

Аз сӯйи дигар бисёре аз сокинон ҳанӯз ҳодисаи оташсӯзӣ дар яке аз парваришгоҳҳои кӯдакони маъулул дар шаҳри Душанберо фаромӯш накардаанд.

Дар моҳи январи соли 2006 бар асари оташсӯзӣ дар парваришгоҳи кӯдакони маълул дар хиёбони Шевченкои пойтахт 13 кӯдаки маълул кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуда буданд. Он замон дар ин парваришгоҳ ҳудуди 80 кӯдаки маълул ба сар мебурданд, ки аксари онҳо аз ҳарду волидон ва ё яке аз онҳо маҳрум буданд.

Матолиби муртабит