Ҷомеъа ва кӯдакони маълул: оғози ҳамоише минтақаӣ дар Душанбе

  • 1 Август, 2013
Анҷумани кӯдакон
Image caption Яке аз мушкилоти умдаи афроди маълул дар Тоҷикистон норасоии маблағ барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои рӯзгори онҳо унвон мешавад

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, чаҳорумин ҳамоиши ҳифзи кӯдакон дар кишварҳои Осиёи Миёна оғоз шуд.

Ин ҳамоиши байналимилалӣ ба ибтикори Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва бо ширкати намояндагони панҷ кишвари минтақа баргузор мешавад.

Ҳамоиши ҳифзи кӯдакон, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи аввали август оғоз ёфт, то се рӯзи дигар дар шаҳри Душанбе идома хоҳад дошт.

Тавре ки масъулони намояндагии Сандуқи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз мушкилоти аслии матруҳа дар ин ҳамоиш баррасии роҳҳои ҷазби кӯдакон ва навҷавонони маълул ба ҷомеъа аст.

Коршиносони ин созмон муътақиданд, ки дар қаламрави Шӯравии собиқ кӯдакон ва навҷавонони маълул аз таваҷҷуҳи кофии ҷомеъа бархурдор нестанд ва бештари онҳо о имконоти маҳдуд дар гӯшаи узлат ва инзиво ба сар мебаранд.

Гуфта мешавад дар ҳоле ки бояд кӯдакону навҷавонони маълул аз кӯдакӣ худро бо ҷомеъа вифқ бидиҳанд, аммо тарбияти онҳо дар мадориси вижаи шабонрӯзӣ боъис шуда, ки онҳо аз фарояндҳои ҷомеъа дар канор монанд. Ин вазъ онҳоро бо мушкилоти зиёде дар зиндагӣ рӯбарӯ мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин амр, яке аз тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна ин аст, ки шароит фароҳам кунанд, то кӯдакони маълул ҳамроҳ бо атфоли дигар дар кӯдакистонҳои умумӣ тарбият ёбанд ва дар мадориси ҳамагонӣ таҳсил кунанд.

Image caption Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон танҳо 26 ҳазору 345 нафар аз кӯдакон ва навҷавонони маълул ба сар мебаранд

Яъне давлатҳо бояд барои ҷазби бештари кӯдакони маълул ва нотавон ба иҷтимоъ ва вифқ додани онҳо бо зиндагии иҷтимоъӣ имконоте фароҳам кунанд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин натиҷа расида, ки ҷудо доштани кӯдакони маълул аз ҷомеъа дигар роҳи ҳалле шоиста маҳсуб намешавад.

Бо ин ҳол, на ҳамаи кишварҳои минтақа тавони фароҳам сохтан чунин шароите барои кӯдакони маълулро доранд. Иддае аз мақомоти Тоҷикистон низ иқрор мекунанд, ки дар шароити феълӣ ин кишвар батанҳоӣ наметавонад куллияи мушкилоти иҷтимоъию иқтисодии марбут ба кӯдакони маълул ва хонаводаҳои онҳоро ҳал кунад.

Алишер Ёрбобоев, раиси Идораи кор ва таъмини иҷтимоъии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, авоили моҳи июн дар ҳамоише гуфт: "Бояд гуфт, ки ҳалли масоили марбут ба кӯдакони маълул ва кӯдаконе, ки имконоташон маҳдуд аст, танҳо аз ҷониби давлати Тоҷикистон душвор аст. Аз ин рӯ, ман барои кумакҳои арзандаи созмонҳои байналмилалӣ, бавижа Сандуқи Кӯдакон, сипосгузорам."

“Раҳмон кӯдаконро дӯст медорад”

Руқия Қурбонова, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши ҳифзи кӯдакон суханронӣ кард, гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, кӯдаконро дӯст медорад ва барои беҳбудии зиндагии иҷтимоъии кӯдакон фаъъолиятҳои созандае кардааст.

Вай афзуд: "Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд ва бо дарназардошти ин ҳарфҳо дар Тоҷикистон давраҳои ислоҳоти сохторӣ, ки дар меҳвари онҳо беҳбудии вазъи кӯдакон қарор доранд, доир мешавад. Дар ин замина бештар ба кӯдакони бесарпараст, маълул ва кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоъат таваҷҷуҳ мешавад."

Дар ҳамин ҳол, яке аз мушкилоти умдаи афроди маълул дар Тоҷикистон норасоии маблағ барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои рӯзгори онон унвон шудааст.

Image caption "Канорагирӣ дар ҷомеъа ва ҳатто дар хонавода яке аз мушкилотест, ки барои рафъи он бояд ҷомеъаи Тоҷикистон иқдомоти зиёде кунад"

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон танҳо 26 ҳазору 345 нафар аз кӯдакон ва навҷавонони маълул, ки кумакҳои иҷтимоъӣ дарёфт мекунанд, ба сар мебаранд.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла коршиносони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, омори воқеъии афроди маълули зери синни 18-сола дар Тоҷикистон дамтикам панҷ баробар бештар аз омори расмӣ аст.

Ба гуфтаи пайвандони бархе аз хонаводаҳое, ки кӯдаки маълул доранд, маъоши моҳиёнаи маълулон дар Тоҷикистон андаке бештар аз 100 сомонӣ ё муъодили беш аз 20 дулор аст.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки дар шароити феълӣ, ки қимати хадамоти иҷтимоъӣ ва маводди ғизоӣ ва коло дар бозор шадидан боло рафта, имкони зиндагӣ бо ин маблағ номумкин аст.

Вале намояндагони Қазоқистон, яке дигар аз кишварҳои минтақа, ки дар ҳамоиш ширкат доштанд, мегӯянд, ки як маълул дар он кишвар моҳиёна 150 дулор маъош мегирад ҳудуди 200 дулор кумакпулӣ дарёфт мекунад.

Олга Кузевлова, корманди бахши иҷтимоъӣ дар минтақаи шарқи Қазоқистон, мегӯяд, ки дар кишвараш ҳудуди 70 ҳазор кӯдаки маълул ва 150 ҳазор нафар аз кӯдакон бо имконоти маҳдуд ба сар мебаранд.

Вай афзуд: "Ҳамзамон давлат барои кӯдакони маълул хадамоти беҳдоштии ройгон ва доруворӣ, коласка ва таҷҳизоти дигари мавриди ниёзашонро ба таври ройгон ироа медиҳад."

Кунвонсиюни ҳуқуқи маълулон

Лайлӣ Муширӣ, раиси намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки яке дигар аз масоили матруҳа дар ҳамоиши серӯза пешниҳоди тасвиби сареъ ва иҷрои Кунвонсиюни ҳуқуқи афроди маълул ва Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак аз сӯйи давлати Тоҷикистон аст.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон чаҳор кишвари дигари минтақа ин кунвонсиюнҳоро тасвиб кардаанд.

Хонуми Муширӣ мегӯяд: "Давлати Тоҷикистон дар ҳоли омодагӣ барои тасвиби ин кунвонсюнҳо аст. Бо тасвиби ин санадҳо масъулияти давлат дар назди ин қишри ҷомеъа низ бештар хоҳад шуд."

Сандуқи Кӯдакони СММ дар ин ҳамоиш ба масъалаи ҷалби кӯдакон ва навҷавонон ба таҳсил дар макотиби ҳамагонии маъмулӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст.

Image caption Хонуми Қурбонова гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдаконро дӯст медорад

Хонуми Муширӣ дар мавриди душвориҳои умдаи аксари кӯдакони маълул дар Тоҷикистон мегӯяд: "Канорагирӣ аз ҷомеъа ва ҳатто аз хонавода аз мушкилотест, ки барои рафъи он бояд ҷомеъаи Тоҷикистон иқдомоти зиёде кунад. Дар бархе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки дар онҳо кӯдаки маълул ҳаст, ҳатто кӯшиш мекунанд, ки ӯро аз ҳамагон пинҳон доранд."

Ба гуфтаи хонуми Муширӣ, дар се рӯзи кори анҷуман, масъулони кор бо афроди маълул ва кӯдакон аз панҷ кишвари мантақа бо истифода аз таҷрубаҳои ҳамдигар, фаъъолиятҳои худро барои ба ҷомеъа комилан бозагардондани кӯдакони маълул равона хоҳанд кард.

Ширкаткунандагони ин нишаст мегӯянд, ки кӯдакони маълул ҳуқуқи комил дар баробари сокинони дигари ҷомеъаро доранд ва бояд ба ҳамаи хадамоти иҷтимоъӣ, аз ҷумла омӯзишу парвариш, хадамоти беҳдоштӣ, васоили мусофирбарӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст масоили эҷоди шароити рафту омади кӯдакони маълул дар амокини мухталиф дар шаҳрҳо ва навоҳӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар чаҳорумин ҳамоиши ҳифзи кӯдакон дар кишварҳои Осиёи Миёна дар канори намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии ин кишварҳо ва масъулони созмонҳои марбут ба ин қишри ҷомеъа ширкат мекунанд.

Фардо дар дувумин рӯзи кори ҳамоиш намояндагони панҷ кишвари минтақа, яъне Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон гузоришҳои вижаеро дар бораи вазъи кӯдакони маълул ва мавориди нақзи ҳуқуқи онҳо ба ширкаткунандагони ҳамоиш пешниҳод мекунанд.

Матолиби муртабит