Волидони фақир - омили аслии баҳракашӣ аз нерӯи кори кӯдакон

  • 5 Июн, 2013
Кӯдакони рустоӣ
Image caption Бештари кӯдакон аз хонаводаҳои фақир дар шаҳристонҳо аз хонаҳояшон фирор карда ва дар шаҳрҳои бузург машғули корҳои сангин мешаванд

Дар шаҳри Душанбе дар семиноре дурӯза зери унвони “Маҳви истифода аз нерӯи кори кӯдакон” гуфта шудааст, ки мушкили аслӣ дар ин замина камбуди иттилоъот дар робита бо ҷалби кӯдакон ба кори сангин дар шаҳрҳо аст.

Аз ин рӯ намояндагони кишварҳои мухталифи ширкаткунандаи ин ҳамоиш ба тақвияти назорат бар истифода аз нерӯи кори кӯдакон дар кишварҳое, ки дар онҳо то ҳол мавориди баҳракашӣ аз нерӯи кори кӯдакон мушоҳида мешавад, таъкид кардаанд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки рӯзи чаҳоршанбеи 5 май ба поён расид, намояндагони кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди мушкилоти мавҷуда дар ин замина дар кишварҳояшон суханронӣ карда ва дар бораи таҷрибаи мубориза бо ин падидаи номатлуб дар кишварҳои худ табодули назар карданд.

Ширкаткунандагони ин нишаст дар ҷараёни кори семинор бо фаъъолияти бахши вижаи “Назорат бар истифода аз кори кӯдакон” дар Вазорати иштиғол ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ошно шуданд.

Гуфта шуд, ки улгӯи (мудели) Тоҷикистон дар заминаи назорат бар кори кӯдакон, ки тибқи барномаи Созмони Байналмилалии Кор таҳия шудааст, аз муваффақтарин дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна будааст.

Яке аз аҳдофи аслии ин барнома хотима бахшидан ба кори кӯдакон ва навҷавонон дар маконҳое будааст, ки барои онҳо хатарзо буда ва дар ҷараёни кори кӯдакон нисбат ба онҳо бадрафторӣ мешавад.

Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаҳои мубориза бо баҳракашӣ аз кори кӯдакони Созмони Байналмилалии Кор дар Тоҷикистон гуфт, аз соли 2009 ба баъд, яъне аз замони оғози фаъъолияти бахши “Назорат бар истифода аз кори кӯдакон” дар ин кишвар, истифода аз нерӯи кори кӯдакон, бахусус дар мазореъи кишоварзӣ ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Image caption Хонуми Хосабекова мегӯяд, ки маъоши хуби волидон мушкили баҳракашӣ аз кори кӯдакро ҳал хоҳад кард

Вай мегӯяд, дар се соли ахир кормандони ин бахш ҳудуди 40 пажӯҳиш дар ин замина анҷом дода ва мавориди кори ғайрирасмии беш аз 400 кӯдак ва навҷавони зери 17 сол дар шаҳрҳо ва арсаи кишоварзиро ошкор карданд, ки онҳо машғули корҳои сангин будаанд.

Аксарияти ин кӯдакону навҷавонон давраҳои мухталифи бозомӯзии корро пушти сар карданд, ки ин давраҳо барои дарёфти кори маъмулӣ ва нисбатан осон мусоъидат мекардааст.

Аммо хонуми Хосабекова азуд: “Мушкили аслӣ муҳоҷирати дохилии кӯдакон аст. Бисёре аз кӯдакон аз хонаводаҳои фақир ба шаҳрҳо меоянд ва барои пайдо кардани маводди ғизоӣ даст ба корҳои сангин мезананд. Чаҳор корманди бахши "Назорат бар истифода аз кори кӯдакон” таваҷҷуҳи худро махсус барои пайдо кардани чунин кӯдакон басиҷ кардаанд.”

Вале хонуми Хосабекова мегӯяд, барои маҳви баҳракашӣ аз нерӯи кори кӯдакон ва ҷилавгирӣ аз мавориди фирори кӯдакон аз хонаҳояшон, падару модарони кӯдакон бояд бо ҷойҳои кори доимӣ ва даромади кофӣ барои гузарондани рӯзгор таъмин бошанд.

Тибқи гузоришҳои бархе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ҳамасола ҳудуди ҳафт ҳазор кӯдак ва навҷавони зери 18-сола барои пайдо кардани даромад дар муҳоҷирати дохилӣ қарор дорад.

Бештари ин кӯдакон ва навҷавонон аз хонаводаҳои фақир буда ва барои пайдо кардани машоғил аз рустоҳо ва навоҳии мухталиф ба шаҳрҳо муҳоҷират мекунанд ва аксари онҳо ба корҳои сангини ҷисмонӣ ҷалб мешаванд. Дар бархе маворид ҳуқуқи ин кӯдакон нақз ва иддае низ мавриди хушунати бузургсолон қарор мегиранд.

Матолиби муртабит