Нопадид шудани як кӯдаки панҷсола дар шаҳри Душанбе

Пулиси тоҷик аз нопадид шудани як кӯдаки панҷсола дар яке аз навоҳии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тавре, ки дар сойти расмиии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон омадааст, Абдуҷаббор Тошев, сокини хиёбони Испечаки пойтахт аз нопадид шудани писараш Муҳаммадҷони Абдуҷаббор ба масъулони бахши ин вазорат дар ноҳияи Сино шикоят бурдааст.
Дар ин хабар, ки рӯзи душанбеи 10 июн дар сойт пахш шудааст, навишта шудааст, ки Муҳаммадҷони панҷсола соъати 12:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ аз манзил баромада ва дигар ба хона бознагаштааст.
Пулис мегӯяд, ки таҳқиқоти муқаддамотии кормандон ҳокӣ аз он будааст, ки шоҳидони айнӣ ин кӯдакро бори охир бо як марди ношиносе дидаанд. Кормандони ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ дар робита ба бедарак шудани кӯдакро боз карда ва бозҷӯйии вайро идома медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши пулис дар даҳ рӯзи моҳи июн дар Тоҷикистон 8 нафар аз сокинон нопадид шудаанд, ки чаҳор нафар аз онҳо ноболиғон будаанд.
Аз сӯйи дигар масъулони бахши пулиси шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳануз таҳқиқоти кормандон барои пайдо кардани ду духтари панҷ ва чор сола дар шаҳри Душанбе идома дошта ва онҳо аз ироаи иттилоъот дар мавриди ҷараёни ин парванда бо баҳонаи халалдор накардани таҳқиқот худдорӣ карданд.
Сабина ва Малика Араловаҳо, ду кӯдаки панҷ ва чор сола, рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар минтақаи фурӯшгоҳи "Садбарг", дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе аз манзили маскуниашон баромада ва нопадид шуданд.
Намояндагони созмони мудофеъи ҳуқуқи башар ва ҷамеъаи шаҳрванӣ дар Тоҷикистон бо ироаи номаҳо аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карданд, барои ба таври сареъ пайдо кардани онҳо, таҳқиқи ҳодисаи мафқуд шудани Малика ва Саинаро таҳти назорат бигирад.
Ҳамчунин Омрико барои таҳқиқи муассири парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса таҷҳизоти вижаи таҳқиқи ҷиноӣ дар ихтиёри пулиси тоҷик гузошт, аммо бо ин вуҷуд то ҳол пулис дар пайдо кардани ин духтарон муваффақ нашудааст.
Ҳуқуқдонҳо яке аз сабабҳои ба кундӣ пеш рафтани таҳқиқоти ин парвандаро бесалоҳиятии бисёре аз кормандони пулис дар Тоҷикистон унвон мекунанд.
