FBI фановарии ҷадидро дар ихтиёри пулиси тоҷик гузошт

  • 24 Апрел, 2013

Омрико барои таҳқиқи муассири парвандаи ҷиноӣ дар робита ба нопадади шудани ду кӯдак дар шаҳри Душанбе таҷҳизоти вижаи таҳқиқи ҷиноӣ дар ихтиёри пулиси тоҷик гузоштааст.

Гуфта мешавад ин таҷҳизот марбут ба ташхисҳои лобруторӣ будааст.

Тибқи хабари сойти расмии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин таҷҳизоти мудерн барои пешрафт дар таҳқиқоти ҳодиса кумаки назаррасе хоҳад кард.

Пулиси тоҷик мегӯяд, ки фановарии ҷадид барои пайдо кардани афроди дигари нопадидшуда дар Тоҷикистон низ мусоъидат хоҳад кард.

Ин кумак қаблан аз ҷониби Идораи Федероли Таҳқиқоти Омрико ба пулиси Тоҷикистон (FBI) пешниҳод шуда буд.

Ироаи кумакҳои фаннӣ ба пулиси тоҷик дар пайи мулоқоти Сузан Эллиот, сафири Омрико дар Тоҷикистон бо Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии ин кишвар дар ҳафтаи гузашта анҷом мегирад.

Дар ин мулоқот хонум Эллиот ба оқои Раҳимов пешниҳоди кумаки Идораи Федероли Таҳқиқоти Омрикоро барои таҳқиқи қазияи Малика ва Сабина Араловҳо, ду бародарзодаи гумшуда дар Душанберо кард.

Ахиран вазорати умури дохила аз афроде, ки имкон дорад ин духтараконро рабудааст, даъват карда, ки довталабона кӯдаконро ба пулис супоранд ва дар иваз ваъда кардаанд, ки дар ин сурат ин афрод аз муҷозот маъоф хоҳанд шуд.

Дар авоили ин ҳафта масъулони вазорати умури дохила бо волидони ин кӯдакон мулоқоте анҷом дода ва аз раванди таҳқиқот ба онҳо гузориш доданд.

Пулиси тоҷик бо гузашти ҳудуди як моҳ аз ҳодисаи нопадид шудани кӯдакон ҳеҷ иттилоъи мушаххасе дар бораи он ки ин духтарон чи гуна ва ба чи далел нопадид шуданд ва кӣ дар ин амр гунаҳкор аст, иттилоъе пахш накардааст.

Хабари мафқуд шудани Сабина ва Малика Араловаҳо дар минтақаи фурӯшгоҳи Садбарги шаҳри Душанбе, рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ мунташир шуд буд.

Созмонҳои ғайридавлатӣ бо интишори дархосту назарҳои худ унвонии мақомоти зирабти кишвар аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карданд, таҳқиқоти нопадид шудани кӯдаконро таҳти назорат бигирад.