Таҳияи феҳристи корҳои мамнӯъ барои кӯдакон дар Тоҷикистон

  • 18 Июл, 2013
Кори кӯдакон
Image caption Дар Тоҷикистон ба ҳангоми ҷамъоварии ҳосили панба аз нерӯи кӯдакону навҷавонон истифода мешавад

Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон феҳристи корҳои мамнӯъ барои кӯдакону навҷавононро таҳия ва барои баррасӣ ба давлат пешниҳод кардааст.

Наврӯз Самадов, раиси Идораи давлатии назорат дар бахши кор ва шуғли иҷтимоъии ин вазоратхона, рӯзи панҷшанбеи 18 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин феҳрист шомили беш аз 200 навъ корҳоест, барои иҷрои онҳо корфармо ҳаққи истифода аз нерӯи кӯдакон ва навҷавононро надорад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Самадов, кор дар маъодин, корҳои зерзаминӣ, боркашӣ ва кор бо маводди шимиёӣ барои кӯдакону наваҷавонон мамнӯъ хоҳад шуд.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки имкон дорад навҷавонони аз 14 то 18-сола дар парвариш ва ҷамъоварии маҳсули панба ширкат кунанд, аммо ин кор набояд бар раванди омӯзиши онҳо монеъ шавад.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки дар сурати тасвиби ин феҳрист дар ҳукумати Тоҷикистон Қонуни (кодекси) расидагӣ ба тахаллуфоти идорӣ ва Қонуни кайфарии (ҷиноии) ин кишвар ислоҳ шуда ва бар асоси онҳо омилони истифода аз нерӯи кӯдакон ва навҷавонон муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулон ба таҳияи тарҳи нави қонуни кор шурӯъ кардаанд ва дар ин санад корҳои мамнӯъ барои кӯдакон ва навҷавонон мушаххас хоҳад шуд.

Зимнан, дар кишвари ҳамсояи Узбакистон санаде ҳуқуқӣ дар бораи манъи истифода аз нерӯи кӯдакону навҷавонон тасвиб шуда, аммо ба гуфтаи нозирон, дар ин кишвар ҳамчунон аз нерӯи кӯдакон, бахусус дар парвариш ва ҷамъоварии панба, фаровон истифода мешавад.

Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидабони Ҳуқуқи Башар, аз ширкатҳо ва корхонаҳо даъват кардаанд, ки дар бозори ҷаҳонӣ аз харидории панбаи Узбакистон худдорӣ кунанд.

Давлати Узбакистон борҳо мавзӯъи истифода аз нерӯи кӯдаконро рад карда, аммо гузоришҳо ҳокист, ки дар ин кишвар ҷалби кӯдакон ба ҷамъовари ҳосили панба ба сурати густарда идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Маҳдии Собир, коршиноси мустақил, гуфт, ки мумкин аст дар Тоҷикистон низ чунин вазъе ба миён ояд ва раванди истифода аз нерӯи кори кӯдакон ҳамчунон идома ёбад.

Ба эътиқоди оқои Собир, бештари хонаводаҳо дар Тоҷикистон касирулавлод ё дорои фарзандони зиёд ҳастанд ва ба далели фақр маҷбуранд барои бароварда сохтани ниёзҳои рӯзгор аз нерӯи фарзандони бузургсол истифода кунанд.

Бештари ин кӯдакон ба ҷойи таҳсил дар мактаб ба шустани мошин, боркашӣ ё фурӯхтани покетҳои плостикӣ машғул шуда ва аз ин тариқ дар таъмини рӯзгори хонавода саҳм мегузоранд.

Ӯ гуфт, чун ин афрод аз омӯзиш дар канор мондаанд, баъд аз бузург шудан ба саффи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хоҳанд пайваст.

Маҳдии Собир танзими хонаводаро, ки дар он аз 2 фарзанд бештар набошад, аз роҳҳои ҳалли ин мушкил хонда ва гуфт, ки дар он сурат вазъи омӯзишу парвариши кӯдакон беҳтар шуда ва мавориди истифода аз нерӯи кори онҳо ҷиддан коҳиш хоҳад ёфт.

Тибқи омори расмӣ, дар солҳои 2010 то 2012 дар Тоҷикистон 170 ҳазор кӯдак ба корҳои мухталиф машғул будаанд.

Матолиби муртабит