'Кор фармудани кӯдакон дар хона низ суистифода аз нерӯи кории кӯдак аст'

  • 12 Июн, 2013
Кӯдаки тоҷик
Image caption Тибқи омори расмӣ дар солҳои 2010 то 2012 дар Тоҷикистон 170 ҳазор кӯдак ба корҳои мухталиф машғул буданд

Дар Тоҷикистон “Барномаи миллии амалӣ барои маҳви бадтарин шакли кори кӯдакон барои солҳои 2014-2020” маъаррифӣ шуд.

Ҳамоише, ки дар он ин барнома муъаррифӣ шуд, рӯзи чаҳоршанбеи 12 июн, мусодиф бо Рӯзи байналмилалии мубориза бо баҳракашӣ аз нерӯи кори кӯдакон баргузор шуд. Ин ҳамоишро дар Душанбе Созмони Байналмилалии Кор дар Тоҷикистон ва Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии ин кишвар баргузор карданд.

Ҷамшед Қуддусов, коршиноси маркази пажуҳишии “Соцсервис" зимни муъаррифии барномаи ҷадиди миллӣ гуфт, ҳадафи аслии барнома мавҳи комили баҳракашӣ аз нерӯи кори кӯдакон то соли 2020 дар Тоҷикистон будааст.

Оқои Қуддусов гуфт, ки ҷилавгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба машоғили хатарзо барои ҷон ва саломати онҳо ва бозгардонидани кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил, ҳадафи дигари барнома будааст.

Image caption Хонуми Хосабекова гуфт, ки омори расмӣ дар мавриди истифода аз нерӯи кӯдакон дар муҳити хонавода дар Тоҷикистон вуҷуд надорад

Тибқи ин барнома Шӯрои ҳамоҳангсози тарҳҳо барои решакан кардани истифода аз нерӯи кӯдакон дар ҳар шаш моҳ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор мекунад. Ба ин Шӯро намояндагони кумисиюнҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон, мубориза бо қочоқи инсон ва ниҳодҳои дигари умури кӯдакон шомил ҳастанд.

Ҳамчунин барнома дастрасии расонаҳо ба иттилоъоти дақиқ дар мавриди истифода аз кори кӯдакон ва ҷараёни мубориза бо ин раванд дар Тоҷикистонро дар назар гирифтааст.

Омӯзиши тарҷрубаи кишварҳои пешрафаи ҷаҳон дар заминаи мубориза бо истифода аз нерӯи кӯдакон дар меҳвари ин барномаи ҷадид қарор дорад.

Оқои Қуддусов мегӯяд, дастрасӣ ба омӯзишу парвариши ройгон яке аз иқдомотест, ки метавонад бисёре аз кӯдаконро водор созад, аз кор дар бозорҳо даст кашида ва таҳсилро дубора ихтиёр кунанд. Зеро бесарпараст мондани иддае аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон фарзандони мактабхони онҳоро ба танҳо ноновари хонавода табдил медиҳад ва маъмулан чунин кӯдакон аз таҳсил дар канор мемонанд.

Кори кӯдакон дар хона аз назар дур мемонад

Масъулони Созмони Байналмилалии Кор дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли ҷорӣ шиъори Рӯзи байналмилалии мубориза бо баҳракашӣ аз кори кӯдакон “Решакан кардани истифода аз нерӯи кӯдакон дар хонаҳо” аст.

Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаҳои мубориза бо баҳракашӣ аз кори кӯдакони Созмони Байналмилалии Кор дар Душанбе гуфт, ки чунин шеваи истифода аз нерӯи кори кӯдак ба чашм камтар мерасад.

Image caption Оқои Қуддусов мегӯяд, ки ҳадаф аз барнома бозгардонидани кӯдакон ба таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон аст

Аммо хонум Хосабекова афзуд, ки дар Тоҷикистон хонаводаҳои серфарзанд зиёданд ва маъмулан дар чунин хонаводаҳо аз кӯдаки бузургтар ба унвони “дастёри волидон” истифода мешудааст, ки ин ҳам суистифода аз нерӯи кӯдакон маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ аз 15 милюну 500 ҳазор кӯдаке, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба корҳои хонагӣ машғул ҳастанд, 72 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд.

Хонуми Хосабекова афзуд, ки омори расмӣ дар мавриди истифода аз нерӯи кӯдакон дар муҳити хонаводаҳо ва ё истифодаи кӯдакон чун хидматгор дар манзили касе дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.

Вале ӯ мегӯяд: “Омори расмии давлат дар мавриди истифода аз кори кӯдакон, ки дар аввали соли 2012 эълом шуд, мушаххас кард, ки аз соли 2010 то 2012 дар ин кишвар 170 ҳазор кӯдак ва навҷавони зери 18 сол, ба фаъъолиятҳои мухталиф барои дарёфти даромад машғул будаанд. Бисёре аз ин кӯдакон бо корҳои хатарнок барои ҷон ва саломаташон машғул будаанд.”

Ҳамчунин тибқи гузоришҳои расмӣ 90 дарсади кӯдаконе, ки машғули фаъъолиятҳое барои даромади рӯзгор ҳастанд, аз хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ будаанд.

Мавҷуда Раҳмонова, раиси маркази “Кӯдакони гуреза ва хонаводаҳои осебпазир” мегӯяд, ки дар чанд соли ахир вай ҳамеша шоҳиди нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар заминаи таҳсил будааст.

Хонум Раҳмонова афзуд: “Ман ҳамарӯза дар шаҳр бо кӯдаконе вомехӯрам, ки ҳарчанд худашон хурдсол ҳастанд, вале кӯдаки зери як соларо бағал карда ва аз ӯ муроқибат мекунанд. Ҳатто бисёре аз волидон кӯдакони ширхораи худро бо духтарон ва писарони зери ҳафтсола танҳо мегузоранд. Аз он наметарсанд, ки эҳтимоли ба фоҷеъае дучор шудани ин кӯдакон вуҷуд дорад.”

Image caption Рӯзи байналмилалии мубориза бо баҳракашӣ аз кори кӯдакон дар соли ҷорӣ зери шиъори “Решакан кардани истифода аз кори кӯдакон дар хона” таҷлил мешавад

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар фаъъолият бо кӯдакон аз хонаводаҳои фақир собиқаи даҳсола дорад, аммо эҳсос мекунад, ки сол то сол вазъи кӯдакон ба вижа дар соҳаи маъориф пешрафти чашмгире накардааст.

Мутахассисон ба ин борваранд, ки барномаи решакан кардани суистифода аз нерӯи кудакон дар Тоҷикистон дар сурате маваффақ хоҳад шуд, ки волидон дар иҷрои таъаҳҳудоти хеш дар заминаи тарбияи фарзанд ва таъмини шароити хуб барои онҳо ҷиддӣ бошанд.

Сабаби аслии истифода аз нерӯи кори кӯдакон ва афзоиши кӯдакони коргар дар Тоҷикистон фақру камбизоъатӣ дар бисёре аз хонаводаҳои ин кишвар унвон мешавад.

Матолиби муртабит