Хушунати хонаводгӣ боиси марги модару фарзанд дар Ғончӣ шуд

  • 12 Июн, 2013
акс аз оршив
Image caption Зани 23 сола дар ноҳияи Ғончӣ худ ва кӯдаки ҳудуди 2 солаи худро ба коми оташ партофтааст

Додситонии ноҳияи Ғончӣ дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон як сокини ин ноҳияро дар худкушии модару фарзанд муттаҳам ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотии масъулони додситонӣ, 9-уми июн Гулрӯ Нурова дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ худро ва кӯдаки як солаву ҳаштмоҳаашро оташ зада ва дар натиҷа ҳар ду ҷон додаанд.

Бар асоси иттилоъи масъулони ин ниҳод, ҳамакнун Хуршед Табаров, бародари шавҳари Гулрӯ тибқи моддаи 109 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне расондани инсон ба худкушӣ муттаҳам карда ва бозрасон машғули таҳқиқи ин ҳодиса ҳастанд.

Дилшод Табаров, раиси бахши додситонии ноҳияи Ғончӣ рӯзи чаҳоршанбеи 12 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокӣ шудааст, ки Хуршед Табаров бародари шавҳари Гулрӯ Нурова ӯро пайваста ҳадафи таҳқир ва лату кӯб қарор медодааст.

Оқои Табаров афзуд: “Рӯзи 9 июн баъд аз он ки Хуршед Гулрӯро лату кӯб кард, ин зани 23-сола ба бадани худ ва кӯдаки ҳаштмоҳааш маводди сӯхт рехт ва худ ва фарзандашро оташ зад, ки дар натиҷа ҳару ҷон доданд.”

Ба гуфтаи оқои Табаров, аъзои хонавода ба пулис гуфтааст, ки Гулрӯ ва кӯдакаш дар натиҷаи оташсӯзӣ ҷон додаанд, аммо таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кард, ки ин зани ҷавон худро амдан сӯзондааст, яъне худкушӣ кардааст.

Нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон аз худкушии зан бо фарзандаш дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ гузориш мешавад. Ҳарчанд дар ноҳияи Ғончӣ ин нахустин ҳодисаи худкушӣ дар панҷ моҳи соли равон аст.

Гузоришҳои расмӣ пайваста аз боло будани мизони худкушӣ дар Тоҷикистон, ба вижа дар миёни занону духтарон дар минтақаи шимоли кишвар хабар медиҳад.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотии худ дар авоили соли ҷорӣ, зимни эъломи омор дар мавриди худкушӣ аз афзоиши 48 дарсадии мизони худкушӣ дар соли 2012 изҳори нигаронӣ карда буд.

Оқои Салимзода гуфта буд, ки дар соли 2012 беш аз 600 нафар аз сокинони ин кишвар даст ба худкушӣ задаанд ва шумори зиёде аз ин афрод сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон будаанд.

Муттахасисон мегӯянд, ки омор ҳокиcт, ки бештари занону духтароне, ки даст ба худсӯзӣ худкушӣ мезананд, аз хонаводаҳои фақир будаанд.

Коршиносон мегӯянд ин падида омилҳои зиёде дорад. Аз ҷумла зиндагии муштараки хонаводаҳои бисёрфарзанди фақир дар як манзили муштарак боис ҷанҷолҳои пайваста дар ин гуна хонаводаҳо мешавад, ки зиндагии арӯсони хонаводаро бавижа тоқатфарсо мекунад. Даст ба худкушӣ задани чунин занон, ки умдатан ҷавон ва таҳсилнокарда ҳастанд, бавижа маъмул будааст.

Яке аз худкушиҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон дар соли 2002 рух дода буд, ки дар он ҳодиса низ зане худ ва се фарзанди зери панҷсолаи худро ба рудхонаи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе партоб кард.

Дар он воқеъа низ хушунати хонаводагӣ боиси худкушии зан бо фарзандонаш шуда буд.

Матолиби муртабит