Кӯдаки панҷсоларо фарди мубтало ба бемории равонӣ рабуд
Пулис кӯдаки панҷсоларо, ки рӯзи 9-уми июн дар шаҳри Душанбе нопадид шуда буд, пайдо карда ва ба волидонаш бозгардонидааст.
Тибқи хабари Вазорати кишвари Тоҷикистон Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, кудаки панҷсолаи Душанберо, як фарди мубтало ба бемории равонӣ рабудааст.
Пулис рӯзи 10 июн, баъд аз шикояти Абдуҷаббор Тошев, сокини хиёбони Испечаки пойтахт дар мавриди нопадид шудани писараш амалиёти ҷустуҷӯи ӯро оғоз карда буданд.
Дар ин амалиёт, Муҳаммадҷонро аз дасти Абдусалом Раҷабов пайдо карда ва ин марди 48-соларо боздошт кардааст. Русил мегӯяд ин сокини ноҳияи Шаҳринав мубтало ба бемории равонӣ буда ва дар гузашта тибқи моддаи 244-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне сирқат ҷазо гирифта буд.
Абдусалом Раҷабов рӯзи 8-уми июни соли равон низ се кӯдаки зери даҳсоларо дар шаҳри Қурғонтеппа бо роҳи фиреб ба ноҳияи Бохтари ин вилоят бурдааст, вале кормандони бахши вазорати дохила дар ин вилоят ӯро ба зудӣ боздошт карда, кӯдаконро ба волидон бозмегардонанд.
Аммо сулои матраҳ ин аст, ки чаро пулис, оқои Раҷбовро, ки як рӯз қабл барои кӯдакрубоӣ боздошт шуда буд, дубора озод шуда ва ҷурми мушобеҳро дар шаҳри Душанбе такрор кардааст?
Дар хабари сойти расмии Вазорати умури дохила навишта шудааст, ки Абдусалом Раҷабов мубтало ба бемории равонии навъи ҷунуни ҷавонӣ (шизофрения) буда ва дар Дармонгоҳи бемориҳои равонии Тоҷикистон сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки кудакони зиёде дар шаҳри Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон мушоҳида мешаванд, ки бидуни муроқибати бузургсолон дар кучаву хиёбонҳо бозӣ мекунанд.
Коршиносон бо ишора ба доғ шудани мавзӯъи кудакрубоӣ ва афзоиши ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои кишвар мегӯянд, ки ин вазъ кӯдакони зиёдеро дар баробари кӯдакрубоён ва ё сонеҳаҳо осебпазир мекунад.
Дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ Малика ва Сабина Араловаҳо, ду кӯдаки зери панҷсола дар шаҳри Душанбе нопадид шуда ва пулис онҳоро то ҳоло пайдо накардааст.
