Кумаки Русия барои мубориза бо суитағзияи занону кӯдакони тоҷик

  • 14 Июн, 2013
Кӯдакон дар Душанбе
Image caption Ба далели сӯитағзия беш аз 26 дарсади кӯдакони зери синни панҷсола дар Тоҷикистон қадди кӯтоҳ доранд

Масъулони Сандуқи Кӯдакони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфтанд, ки бо кумаки 100 ҳазор дулории Русия барномаи беҳбуди тағзияи кӯдакон ва пешгирӣ аз камбуди йуд дар миёни занон ва кӯдакон дар ин кишварро ба иҷро гузоштааст.

Ин барнома барои се соли оянда пешбинӣ шуда ва дар чорчӯби он беш аз 200 ҳазор кӯдаки аз синни шашмоҳа то дусола ва 150 ҳазор зани бордор ва модарони ширдеҳ таҳти пӯшиш қарор хоҳанд гирифт.

Қарор аст дар чорчӯби ин барнома 300 ҳазор муроқибаткунандаи кӯдакони зери ду сол ва 600 корманди арсаи беҳдошт кумаки ғизоӣ дарёфт кунанд.

Дар баёнияи намояндагии UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Милали Муттаҳид, ки рӯзи панҷшанбеи 13 июн пахш шуд, омадааст, бо вуҷуди пешрафтҳое дар заминаи беҳбуди саломати модар ва кӯдак дар даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон, сӯитағзия ба унвони мушкили умда дар кишвар боқӣ мондааст.

Лайлӣ Муширӣ, раиси намояндагии Сандуқи Кӯдакони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфта: “Беҳбуди вазъи тағзияи кӯдакон ва занон имкон хоҳад дод, ки шохиси беҳдошт ва омӯзишу парвариш дар ин кишвар беҳбуд ёфта ва зарари иқтисодии ношӣ аз сӯитағзия дар кишвар коҳиш ёбад.”

Барои бори нахуст нест, ки Русия аз барномаҳо барои беҳбуди вазъи кӯдакони тоҷик ҳимояти молӣ мекунад. Дар соли гузашта Русия барои мойкубии кӯдакон дар ин кишвар як милюн дулорро дар ихтиёри Сандуқи Кӯдакони СММ қарор дода буд.

Барномаи ҷадид барои беҳбудии вазъи тағзияи кӯдакон дар Тоҷикистон дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки дар моҳи апрлеи соли ҷорӣ Сандуқи Кӯдакони Милали Муттаҳид гузориш карда буд, ки ба сабаби сӯитағзия беш аз 26 дарсади кӯдакони зери синни панҷсола дар Тоҷикистон қадди кӯтоҳ дошта ва қадди ҳудуди даҳ дарсади ин кӯдакон шадидан аз ҳамсиннонашон тафовут доштааст.

Матолиби муртабит