Натиҷагирӣ аз ҷашнвораи синемои "Ҳамандози нигоҳ"аз зиндагии кӯдакони маълул

  • 18 Ноябр, 2013
Кӯдаки таҳиякунандаи филм
Image caption Аксари таҳиякунандагон ва қаҳрамонони 18 филми ширкаткунандаи ин ҷашнвора низ кӯдакони маълул буданд

Нахустин ҷашнвораи филмҳо дар мавриди зиндагии иҷтимоъии кӯдакони маълул зери унвони "Ҳамандози нигоҳ" бо эътои ҷавоиз ба таҳиякунандагони филмҳо ба поён расид.

Аксари таҳиякунандагон ва қаҳрамонони 18 филми ширкаткунандаи ин ҷашнвора низ кӯдакони маълул буданд ва ду рӯзи баргузории ин ҷашнвора филмҳо аз зиндагии кӯдакони маълули Эрон, Русия ва Қирғизистон пешкаши тамошочиён шуданд.

Рӯзи душанбеи 18 ноябр дар поёни ҷашнвора баргузоркунандагони он барои иддае аз кӯдакони маълул, аз ҷумла Шукрона Сатторова, таҳиякунандаи филме бо номи "Шукрона" ҷоиза эъто карданд.

Шукрона мегӯяд, ки достони филми вай дар бораи таҳсил дар мактаб буда ва ӯ афзуд: "Ман дар филмам таваҷҷуҳро ба масоиле, ки кӯдакони маълул дар мактаби ҳамагонӣ доранд, ҷалб кардам. Ман бо омода кардани ин филм мехостам, бигӯям, ки мо низ мисли кӯдакони дигар ҳаққи таҳсили баробар дар мактаби ҳамагонии маъмулиро дорем."

Пирӯзӣ ва бохт дар ҷашнвора

Ин дар ҳолест, ки намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон низ дар нишастҳои мухталиф ҳамвора ба масъалаи ҷалби кӯдакон ва навҷавонон ба таҳсил дар макотиби ҳамагонии маъмулӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунад.

Image caption Маҳдӣ мегӯяд, ки аз он, ки филми вай дар ин ҷашнвора ҷоиза нагирифт, дилсард нашудааст

Шукрона аз пирӯзиаш дар ҷашнвораи синемои мавсум ба "Ҳамандози нигоҳ" хушнуд ба назар менамуд, аммо кӯдакони дигаре аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин ҷашнвора буданд, ки филмҳояшон ҷавоизе дарёфт накард, вале онҳо мегуфтанд, ки аз ин дилсард нашудаанд.

Маҳдии Олимҷон, каҳрамони аслии филми "Диско" аст, ки дар миёни пирӯзони ин ҷашнвора набуд. Аммо мегӯяд, ки аз он, ки филми вай дар ин ҷашнвора ҷоиза нагирифт, наранҷидааст ва дар оянда низ қасд дорад, филмеро дар бора зиндагии маълулон дар Тоҷикистон таҳия ва иҷро кунад.

Маҳдӣ ҳамагӣ панҷ сол дорад ва дар шаҳри Нораки Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ таҳиякунандаи филме дар бораи кӯдакони маълул аст. Дӯстмурод Олимҷон, бародари ӯ, ки аз вай намояндагӣ мекард, мегӯяд, ки дар оянда филмеро бо номи "Аз раҳ бизан хайр кун!"-ро таҳия мекунанд, ки достони он низ аз зиндагии кӯдакони маълул ҳикоят мекунад.

Бародари бузурги Маҳдӣ мегӯяд, ки рӯзи севвуми декабр маросими таҷлил аз "Рӯзи байналмилалии афроди маълул" дар шаҳри Норакро аз намоиши филми Маҳдӣ оғоз хоҳанд кард.

Ҳаққи зиндагии баробар бо дигарон

Сабоҳат Ҳакимзода, раиси анҷумани волидони кӯдакони маълули шаҳри Душанбе, мубтакири баргузоркунандаи ин ҷашнвора мегӯяд, ки ҳадаф аз доир кардани ин ҷашнвора ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба масоли марбут ба кӯдакони маълул буд.

Image caption Шукрона гуфт, ки дар филмаш таваҷҷуҳро ба масоиле, ки кӯдакони маълул дар мактаби ҳамагонӣ доранд, ҷалб кард

Аммо хонуми Ҳакимзода афзуд: "Аммо мо қарор нагузоштем, ки бо намоиши филмҳо аз зиндагии кӯдакони маълул мардумро ба раҳму шафқат фаро хонем. Мо мехоҳем, ки бо намоиши ин филмҳо ба ҷомеъа бигӯем, ки бо чи масоиле ин қишри ҷомеъа дар зиндагӣ рӯбарӯ мешаванд ва чи тавр онҳоро метавонем ҳалл кунем."

Вай мегӯяд, ки аъзои 23 созмони волидони кӯдакони маълул дар Тоҷикистон дар доир кардани ин ҷашнвора саҳим буданд ва ӯ гуфт, ки дар ҷашнвора филмҳое аз кишварҳои дигар ба ҳайси меҳмон ширкат доштанд.

Намояндагии Бунёди Сурус дар Тоҷикистон сармоягузори аслии ин ҷашнвора буд ва иддае аз созмонҳои ғайридавлатӣ довталабона ба дастандаркорон ва ширкаткунандагони он ҷавоизе эъто кардаанд.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон танҳо 26 ҳазору 345 нафар аз кӯдакон ва навҷавонони маълул ба сар мебаранд. Аммо Сабоҳат Ҳакимзода мегӯяд, таҳқиқоти онҳо ҳокист, ки омори воқеъии кӯдакони маълул бештар аз омори расмӣ будааст.

Душвориҳои кӯдакони маълул

Ӯ афзуд: "Мо ба бисёре аз манотиқи Тоҷикистон сафар мекунем ва бо волидони зиёде сӯҳбат кардаем ва бо вуҷуди он ки дар хонаводаҳои онҳо кӯдакони маълул ба сар мебаранд, вале онҳо ин кӯдаконро расман ба унвони фарди маълул сабти ном накардаанд."

Image caption Хонуми Ҳакимзода мегӯяд, ки аъзои 23 созмони волидони кӯдакони маълул дар Тоҷикистон дар доир кардани ин ҷашнвора саҳим буданд

Хонуми Ҳакимзода мегӯяд, ки бисёре аз волидон бо бим аз "доғи нанг" ва табъизи кӯдакон дар ҷомеъа аз расман сабти ном кардани фарзандашон ба увнони маълул даст мекашанд.

Ночиз будани ҳуқуқи маълулон дар Тоҷикистон яке аз душвориҳои аслӣ аст, ки бисёре аз волидони кӯдакони маълул ба он таъкид мекунанд. Ба гуфтаи бархе аз онҳо ин маъош, ки ҳамагӣ 105 сомонӣ, муъодили беш аз 25 дулор будааст, ҳатто барои харидории дорувории зарурӣ ба кӯдакон кофӣ набудааст.

Мушкилоти дигаре, ки кӯдакони маълул дар Тоҷикистон бо он дар зиндагии рӯзмарра рӯбарӯ ҳастанд, набуди васоили мусофирбарии вижа барои онҳо ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти ин қишри ҷомеъа ба ҳангоми бунёди сохтмонҳо ва таъсисоти мухталиф ва ҳатто манозили зист дар ин кишвар аст.

Вале намояндагони анҷуманҳои волидони кӯдакони маълул мегӯянд, ки пофишориҳои онҳо барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ин маълулон ба ҳангоми бунёди муассисоти мухталиф бавижа макотиб ба ҷое расонд, ки ҳоло бисёре аз ширкатҳои сохтмонӣ муваззаф шудаанд, ки ба ҳангоми бунёди иншоъот мавҷудияти ин қишри ҷомеъаро низ ба назар гиранд.

Консерти ройгон барои кӯдакони маълул

Image caption Консерт бо овозхонии гурӯҳи ҳунарии кӯдакони маълул, ки ба омӯзиши мусиқӣ машғул ҳастанд, оғоз шуд

Дар ҷашнвораи синемои "Ҳамандози нигоҳ" намояндагони анҷуман ва созмонҳои маълулон аз сартосари Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба гуфтаи дастандаркорони ин ҷашнвора, онҳо дар оянда қасд доранд, ки озмунҳои синемоии байналмилалии филмҳои таҳиякардаи кӯдакони маълулро доир кунанд ва барои ширкат дар онҳо филмсозони кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳонро даъват кунанд.

Дар ҷаҳорчӯби ин ҷашнвора ва ба ифтихори ширкаткунандагони он барои кӯдакони тамошочӣ овозхонони саршиноси Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ доир карданд. Ин консерт бо овозхонии гурӯҳи ҳунарии кӯдакони маълул, ки ба омӯзиши мусиқӣ машғул ҳастанд, оғоз шуд.

Ҳунармандони саршинои тоҷик, аз ҷумла Хосияти Зарафшонӣ, Раҳматуллои Ҳошим ва гурӯҳҳои рақсии "Лаъл" ва "Ҷаҳоноро" дар ин консерот барномаҳои ҳунариро пешкаши тамошочиён карданд ва шумори бештари тамошочиён аз ҷумлаи кӯдакони маълул ва волидонашон буданд.

Матолиби муртабит