Беш аз 85 дарсади мубталоён ба зардпарвин дар Тоҷикистон кӯдакон ҳастанд
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Вазорати беҳдошт ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2013 шумори беморони зардпарвин (ҳепотити А) дар ин кишвар дар муқоиса бо соли 2012 афзиош ёфтааст.
Нусратулло Салимов, вазири беҳдошт, рӯзи панҷшанбеи 16 январ дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки соли гузашта мавориди мубтало ба ин беморӣ дар миёни кӯдакон афзоиш ёфтааст.
Вай гуфт: "Нисбат ба як намуди бемории мусрӣ, зардпавини А дар миёни кӯдакон афзоиш ёфтааст ва дар миёни онҳо афроди бузургсол низ ҳастанд. Асоси сар задани ин беморӣ истифода аз оби тасфиянашуда ва мева ва сабзиҷот бидуни поксозии он аст. Ва бахусус олудашавии ин беморӣ дар миёни кӯдакон, ки бештар бо ҳамдигар муошират мекунанд, мушоҳида шудааст."
Оқои Салимов афзуд, ки ибтило ба бемориҳои дигари мусрӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли коҳиш аст.
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, муъвоини вазири беҳдошт ва раиси Маркази беҳдории (санитарии) Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар соли гузашта ҳудуди 10 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон гирифтори бемории ҳепотити А шудаанд.
Оқои Ҷаъфаров афзуд, ки ин шумора дар муқоиса бо соли 2012 то андозае афзоиш ёфтааст: “Аз шумори умумии мубталоён ба бемории зардпарвин (ҳепотити А) беш аз 85 дарсадро кӯдакон ва ноболиғони зери синни 14 сол ташкил медиҳанд."
Аз сӯйи дигар, масъулони ин вазорат гуфтанд, ки дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба бемории ҳепотити С низ афзоиш ёфтааст.
Нусратулло Салимов мушаххасан теъдоди ин афродро эълом накард, вале афзуд: “Дақиқ кардани шумори воқеъии ингуна беморон мушкил аст. Аммо шумори ин беморон дар ҷумҳурӣ ҳастанд ва қобили ёдоварӣ ҳаст, ки беҳтар шудани вазъи фанноварӣ дар бемористонҳо ва беҳбуд ёфтани масоили марбут ба ташхис, шумори ин беморонро муъайян кардааст."
Ин дар ҳолест, ки иддае аз волидон бо бим аз олудашавии кӯдакон ба бемории зардпарвин аз бурдани онҳо ба дабистонҳо худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи бархе аз волидон, вазъи беҳдорӣ дар бисёре аз дабистонҳо ва макотиби ҳамагонӣ қобили қабул набудааст.
Аз сӯйи дигар, бисёре аз шаҳрвандон низ аз вазъи бади макони партовгоҳҳои шаҳр шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки масъулони зидахл бамаврид ин партовгоҳҳоро тахлия намекунанд.
Дар авохири соли гузашта Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, низ бо ибрози нигаронӣ аз вазъи беҳдорӣ ва густариши бемориҳои мусрӣ аз масъулони зидахл ва додситонии шаҳрӣ хоста буд, то ба вазъи беҳдорӣ дар ошхонаҳои мактабҳои ҳамагонӣ ва дабистонҳо расидагӣ кунанд.
