Нигаронии шаҳрдорӣ аз вазъи бади беҳдорӣ дар шаҳри Душанбе

  • 5 Ноябр, 2013
Маҳмадсайид Убайдуллоев
Image caption Оқои Убайдуллоев дар ҷаласае иҷрои тадобире барои пешгирии бемориҳои мусриро баррасӣ кардааст

Шаҳрдори Душанбе зимни ибрози нигаронӣ аз вазъи беҳдорӣ ва густариши бемориҳои мусрӣ дар пойтахт масъулони додситониро муваззаф карда, ки дар ин замина тадобири ҷиддиро рӯйи даст гиранд.

Маҳмадсайид Убайдуллоев дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ аз масъулони зидахл ва додситонии шаҳрӣ хостааст, то ба вазъи беҳдорӣ дар ошхонаҳои мактабҳои ҳамагонӣ ва дабистонҳои шаҳри Душанбе расидагӣ кунанд.

Бар асоси иттилоъи ёвари шаҳрдори Душанбе, оқои Убайдуллоев дар ин ҷаласа, ки рӯзи душанбеи 4 ноябр баргузор шуд, роҳандозии иқдомот барои пешгирии бемориҳои мусриро баррасӣ кардааст.

Ҳамчунин, дар баёнияи шаҳрдории Душанбе омадааст: “Шаҳрдор раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии (беҳдорӣ) шаҳрро вазифадор кард, ки дар ин ҷодда чораҳои муассир андешида ва ҳолати ошхонаҳои дар мактабу муассисаҳои томактабӣ фаъъолияткунандаро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Ва аз прокуратураи (додситонӣ) шаҳр даъват ба миён овард, ки дар ин маврид (вазъи беҳдории муассисот) санҷиши прокурорӣ анҷом диҳад.”

Дар ҷаласаи рӯзи душанбе шаҳдор ҳамунин мавзӯъи осон намудани дастрасии сокинон ба маводди шириро баррасӣ карда ва барои нақзи ҳуқуқи масрафкунандагон дар шаҳр Муним Холиқов, раиси идораи зиддиинҳисории Душанберо, аз вазифааш сабукдӯш кардааст.

Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз вазъи бади беҳдорӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран бархе аз пизишкон аз афзоишиш бемории зардпарвин (ҳепотити "А") бавижа дар миёни кӯдакон дар ин шаҳр ибрози нигаронӣ карда ва сабаби аслии онро ба вазъи носолими беҳдорӣ дар пойтахт рабт медиҳанд.

Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон низ иттилоъ дар мавриди афзоиши бемории зардпарвин дар соли ҷориро таъйид кардаанд.

Яке аз муъовинони вазири беҳдошт авосити моҳи гузашта ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар саросари Тоҷикистон беш аз 7500 нафар аз мубталоён ба бемории зардпарвин сабт шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли гузшта 20 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Дар ҳамин давра дар соли 2012 дар Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор фарди мубтало ба бемории зардпарвин сабт шуда буданд.

Яке аз далоили афзоиши ин беморӣ, ба гуфтаи пизишкон, он аст, ки бархе аз мубталоён ба ин беморӣ ба сабаби надоштани манобеъи молӣ барои тадовӣ дар бемористонҳо афроди беморро дар муҳити хонавода тадовӣ мекунанд, ки мунҷар ба олудашавии аъзои дигари хонавода мешавад.

Аммо масъулони умури беҳдошт истифода аз оби касиф ва партовгоҳҳои касифро аз авомили дигари ибтило ба зардпарвин ва бемориҳои дигари мусрӣ дар шаҳр медонанд.

Ҳарчанд ба гуфтаи кормандони беҳдорӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз касиф шудани об онҳо тасфияи оби ошомиданӣ дар марокизи тавзеъи онро ба таври ҳамешагӣ анҷом дода ва ин марокиз таҳти назорати шадиди шабонарӯзӣ қарор доранд.

Аз сӯйи дигар, аксари коршиносони арсаи беҳдошт мегӯянд, ки вуҷуди партовгоҳе, ки дар ҳаволии шарқии шаҳри Душанбе воқеъ аст, вазъияти беҳдорӣ ва муҳити зисти пойтахт ва маҳаллоти перомуни онро бо хатар мувоҷеҳ мекунад.

Ин партовгоҳ дар даҳаи 1970 барои нигаҳдории муваққатии зуболаҳо сохта шуда буд ва қарор буд баъд аз бунёди корхонаи коркарди ошғол дар ҳумаи шаҳри Душанбе аз миён бурда шавад.

Аммо бо гузашти замон ва бамавқеъ бунёд нашудани ин корхона, партовгоҳ дар шарқи шаҳри Душанбе ба як макони бузург ва касифи ошғол ва зуболаҳо табдил шуда ва ба гуфтаи коршиносон, боришҳо ва ҷорӣ шудани об аз ин партовгоҳ ба рӯдхонаи Кофарниҳон мунҷар ба касиф шудани оби ин рӯдхона мешавад.

Матолиби муртабит