Афзоиши шумори мубталоён ба бемории зардпарвин дар Тоҷикистон

  • 11 Октябр, 2013
Партовгоҳҳои ашғоли Душанбе
Image caption Бисёре аз шаҳрвандони Душанбе мегӯянд, ки партовгоҳҳо бамавқеъ поксозӣ намешаванд

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз афзоиши шумори мубталоён ба бемории зардпарвин (ҳепотити "А") дар ин кишвар хабар дод.

Бар асоси иттилоъи ин вазорат, аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар саросари Тоҷикистон беш аз 7500 нафар аз мубталоён ба бемории зардпарвин ё ҳепотити "А" сабт шудааст, ки дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли гузшта 20 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Дар ҳамин давра дар соли 2012 дар Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор бемори мубтало ба бемории зардпарвин сабт шуда буданд.

Аъзам Мирзоев, муъовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 11 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки аслан дар фасли пойиз, ҳангоме ки сатҳи обҳо дар рӯдхонаҳо паст мешавад, гирифторӣ ба бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла ҳепотити "А" тамоюл ба афзоиш дорад.

Оқои Мирзоев афзуд: "Ҳоло тамоми кормандони бахши беҳдошт дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахт, муваззаф шудаанд, ки манзил ба манзил ва муассисоти дигар, аз ҷумлаи макотиб ва дабистонҳо бигарданд ва аз сокинон вазъи саломатии онҳоро бипурсанд."

Муъовини вазири тандурустӣ мегӯяд, ки сад дар сад табобати беморони гирифтор ба ҳепотити "А", "Б" ва "С" дар Тоҷикистон ройгон набуда ва танҳо афроде, ки аз имтиёзҳои вижае бархурдоранд, ба таври ройгон тадовӣ мешаванд.

Аммо тавзеъи се номгӯй аз доруҳо барои мудовои ҳепотит таҳти назорати вазорат қарор дорад ва ин доруҳо ройгон ба беморон расонда мешаванд.

Ҳамчунин, оқои Мирзоев дар мавриди омилҳое, ки боъиси ибтило ба зардпарвин ва бемориҳои дигари мусрӣ мешаванд, гуфт: "Яке аз омилҳои аслии гирифторӣ ба ин беморӣ истифода аз оби касиф аст ва партовгоҳҳои касиф низ метавонанд маконе бошанд, ки сокинон аз онҳо олуда шаванд."

Ин масули вазорати беҳдошт мегӯяд, ки анҷоми тадобири зиддиуфунӣ дар партовгоҳҳо ва покиза нигаҳ доштани обҳо метавонад аз ибтило ба бемории ҳепотити "А" ва бемориҳои дигари мусрӣ ҷилавгирӣ кунад.

Аз сӯйи дигар коршиносони арсаи беҳдошт мегӯянд, ки дар ду даҳаи ахир ба сабаби шароити ғайрибеҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон шумори мубталоён ба бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла анвоъи мухталифи бемории зардпарвин зиёд шудааст.

Аз ҷумла, бисёре аз шаҳрвандони Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мегӯянд, ки афзун бар ин ки партовгоҳҳо бамаврид поксозӣ намешаванд, хиёбонҳои шаҳр, бавижа дар атрофи манозили маскунӣ шадидан касиф ҳастанд ва масъулони шаҳрдорӣ ва ҳамчунин сокинони ин манозил иқдоме барои поксозии он намекунанд.

Бештари ҷӯйборҳои шаҳри Душанбе низ ба макони партоби ошғол мубаддал шудаанд, аммо масъулони шаҳрдорӣ дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки тобистони соли ҷорӣ доир шуда буд, гуфтанд, ки партовгоҳҳои шаҳр бамавқеъ поксозӣ мешаванд ва дар касиф будани хиёбонҳои наздик ба манозили маскунӣ сокинонро муттаҳам карданд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ, масъулони давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши ҳашарот ва микрубҳо ва анҷоми тадобири зиддиуфунӣ бояд бо масъулони бахши беҳдории Вазорати тандурустии Тоҷикистон қарордод ба имзо расонанд.

Тибқи ин қарордод, кормандони бахши вижаи вазорат ба таври ҳамешагӣ ва бавижа дар фасли гармо метавонанд дар партовгоҳҳо ва маконҳои эҳтимолии вуҷуди микрубҳо дар шаҳрҳо ва навоҳӣ ба таври муназзам тадобири зиддиуфунӣ анҷом медиҳанд.

Бар асоси иттилоъи вазорати беҳдошт, онҳо танҳо дар сурати мавҷудияти ин қарордодҳо метавонанд тадобири зиддиуфуниро иҷро кунанд, вале гуфта мешавад, ки қарордодҳо дар ин бора миёни масъулони зидахл ба имзо нарасидаанд.

Матолиби муртабит