Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши беҳдошти Тоҷикистон

  • 31 Июл, 2013

Ҳайъати мудираи Бонки Ҷаҳонӣ маблағи ҳудуди 20 милюн дулор кумаки билоъиваз барои иҷрои тарҳе дар заминаи ислоҳи системи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ихтисос додааст.

Ин тарҳ баро беҳбуд бахшидан ба вазъи саломати модару кӯдак аз роҳи тавсеъаи хадамоти беҳдоштӣ ва беҳтар сохтани вазъияти беҳдорӣ дар бунгоҳҳои пизишкии рустоҳо иҷро мешавад.

Ба гуфтаи манобеъи Бонки Ҷаҳонӣ, маблағи 15 милюн дулор аз ин кумакро Анҷумани Байналмилалии Тавсеъа ва 4,8 милюн дулори дигарро Сандуқи Ҳимоят аз Дастовардҳои Беҳдоштӣ фароҳам кардаанд. Давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ 3,2 милюн дулор ихтисос додааст.

Ин тарҳ умдатан дар ҳашт ноҳия дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз роҳи бозомӯзии пизишкон ва парасторон, тармими бунгоҳҳои пизишкӣ ва фароҳамсозии таҷҳизоти нав ва тақвияти мудирият иҷро мешавад. Беш аз як милюну 860 ҳазор нафар ё 25 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз мазоёи ин тарҳ бархурдор хоҳанд шуд.

Феълан Бонки Ҷаҳонӣ чаҳордаҳ тарҳро ба маблағи 232,6 милюн дулор дар Тоҷикистон иҷро мекунад. Чиҳил дарсади ин тарҳҳо дар арсаи кишоварзӣ, 15 дарсад барои обрасонӣ ва беҳдорӣ, 14 дарсад барои тавсеъаи захоири инсонӣ, 13 дарсад дар арсаи энержӣ, 12 дарсад барои бахши давлатӣ ва 6 дарсад дар бахши хусусӣ иҷро мешаванд.