Пизишкони Қараболо: 'Ба мо биёмӯзанд, ки чигуна бо 50 дулор зиндагӣ кунем'

  • 24 Июл, 2013
Пизишкон
Image caption Пизишкони "Қарияи Боло" аз ҳодисаи боздошти як ҳамкорашон ба иттиҳоми ришвагирӣ ибрози норизоятӣ кардаанд

Теъдоде аз пизишконои бемористони марказии "Қарияи Боло"-и шаҳри Душанбе аз ҳодисаи боздошти масъули бахши эҳёгарии ин бемористон ба иттиҳоми ришвагирӣ ибрози норизоятӣ кардаанд.

Норизоятии онҳо дар ин бора дар ҷаласаи пизишкони ин бемористон барои баррасии вазъияти бавуҷудомада пас аз боздошти яке аз муттахассисони ин бемористон садо додааст.

Кормандони Ожонси мубориза бо фасод Илҳом Носиров, масъули бахши эҳёгарии бемористони "Қарияи Боло"-ро рӯзи 16-уми июл ба иттиҳоми "иртикоби ҷурми марбут ба фасод бо маслиҳати пешакӣ" боздошт кардаанд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ пас аз шикояти Муродқул Ҳазратқулов, як сокини шаҳри Душанбе, ки фарзандаш дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шӯъбаи эҳёгарии ин бемористон ҷони худро аз даст дод, боз шудааст.

Дар рӯзҳои ахир чанд корманди дигари шӯъбаи эҳёгарии бемористони марказӣ дар чорчӯби ин парванда бозпурсӣ шудаанд.

Тибқи иттилоъи Ожонси мубориза бо фасод, Ҳаким Ҳазратқулови 35-сола, яке аз гиторнавозони гурӯҳи мусиқии "Парем", пас аз осебдидагӣ ба ҳангоми варзиш ба ин шӯъба мунтақил шуда буд ва 43 рӯз, то замони маргаш, дар инҷо мавриди муроқибати пизишкон қарор дошт.

Тибқи таҳқиқоти муқаддамотии ожонс, дар тӯли ин муддат пайвандони Ҳаким Ҳазратқулов беш аз сад ҳазор сомонӣ ба пизишкони ин шӯъба барои мудово, дору ва муроқибат аз ӯ пардохт кардаанд.

Дар иттилоъияи Ожонси мубориза бо фасод омадааст: "Дар маҷмӯъ, волидайн дар тӯли ин муддат барои муъолиҷаи фарзандашон дар ин шӯъба 104 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд... Бояд таъкид шавад, ки ташхис ва муъолиҷаи шаҳрвандон дар ин бахши бемористон ройгон аст."

Муҳаммадраҷаб Ҳанафӣ, сухангӯи Ожонси мубориза бо фасод, ба Би-би-сӣ гуфт, ки қонуни кайфарӣ барои ҷурме, ки Илҳом Носиров ба иртикоби он муттаҳам шудааст, муҷозоти 7 то 12 сол маҳкумият а зиндонро ба изофаи мусодираи молу мулк пешбинӣ кардааст.

Ба гуфтаи кормандони бемористони "Қарияи Боло", дар ин бемористон барои баррасии қазияи Илҳом Носиров ҷаласаи вижае баргузор шудааст.

Яке аз пизишкони ин бемористон, ки намехоҳад номаш ифшо шавад, дар ин бора гуфт: "Ҳамаи пизишкон дар ин ҷаласа норизоятии шадиде нисбат ба ин қазияро баён карданд. Ҳама назари худро баён кард ва паёми аксарият ин буд, ки бигзор давлат нахуст ба мо биёмӯзад, ки чигуна бо моҳонаи ҳудуди 50 дулор зиндагӣ кунем, дар ҳоле ки сабади масрафи якмоҳа дар Тоҷикистон 300 дулор аст?!"

Таҳлилгарон мегӯянд, ки системи беҳдоштии Тоҷикистон аз фасодзадатарин арсаҳои ин кишвар аст. Бо вуҷуди ин ки бисёре аз бемористонҳо давлатӣ ва ройгон ҳастанд, вале мардум ҳамвора аз пардохти маболиғи зиёд барои мудово ва муъолиҷа дар бемористонҳо шикоят мекунанд.

Бисёре аз кормандон беҳдоштӣ мегӯянд, ки маъоши онҳо андак аст ва онҳо роҳи дигаре ҷуз гирифтани "ҳаққи хидмати" худ аз дармонҷӯён надоранд. Ин дар ҳолест, ки камбуди пизишкон дар Тоҷикистон яке аз мушкили умдаи бахши беҳдошт маҳсуб мешавад.

Ахиран эълом шуд, ки танҳо вилояти Хатлон ба ҳудуди 800 пизишки ҳирфаӣ, парастор ва кормандони дигари арсаи беҳдошт ниёз дорад. Гуфта мешавад ба далели моҳонаи ночизи пизишкон дар Тоҷикистон бахши умдае аз муттахасисони арсаи беҳдошти ин кишвар барои кор ба Русия, Яман ва Афғонистон муҳоҷират мекунанд.

Пизишкони бемористони марказии шаҳри Душанбе бо ишора ба ин мавзӯъ мегӯянд, ки қазияи ахири боздошти мутахассисони беҳдошт барои ришвагирӣ метавонад, ин равандро шиддат бахшад.

Матолиби муртабит