Коҳиши мизони маргу мири кӯдакони навзод дар Тоҷикистон

Мутолеъоти коршиносони Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон ҳокӣ аз коҳиши мизони маргу мири кӯдакони навзод ва кӯдакони зери синни панҷсола дар ин кишвар шудааст.
Иттилоъ дар ин маврид дар маросими муъаррифии натоиҷи муқаддамотии таҳқиқоте зери унвони “Баррасии демугрофӣ ва беҳдошти Тоҷикистон” пахш шуд.
Дар маросими муъаррифии ин таҳқиқот, ки рӯзи сешанбеи 9 апрел доир шуд, коршиносон ва намояндагони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати беҳдошти ин кишвар ширкат доштанд
Ин таҳқиқот дар тобистони соли 2012 анҷом шуда ва дар ҷараёни он 200 нафар аз кормандони ожонс, ки беш аз 70 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медоданд, ширкат кардаанд.
Ин кормандон назарсанҷиеро дар миёни ҳудуди 10 ҳазор нафар аз занону духтарони аз синни 15 то синни 49 анҷом доданд.
Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда дар соли 2012 мизони маргуи мири кӯдакони навзод баробар бо 19 марг ба ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда будааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2008 ин омор 34 кӯдак ба ҳар як ҳазор таваллудро ташкил медодааст.
Ҳамчунин ин таҳқиқот ба манзури мушаххас кардани мизони зоймон, ироаи хадамоти пизишкӣ ва истифода аз он ва хоҳиши занон барои фарзанддорӣ сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни таҳқиқоти коршинонсони ин ниҳод шумори занон ва духтарони бесавод низ мушаххас шудааст, ки ду дарсад аз ҷумлаи занону духтарони пурсидашударо ташкил медодааст.
Тибқи пажӯҳиши ожонсӣ дар мавриди истифода аз васоили замонавии пешгирии бордорӣ, мизони бештари занон дар вилояти Бадахшон ва Суғд аз ин васоил истифода мекардаанд. Дар маҷмӯъ танҳо 28 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз ин васоил барои ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ истифода мекардаанд.
Ҳамчунин эълом шуд ки ожонси омор таҳқиқи мушобеҳро ҳафт сол қабл анҷом дода буд ва натиҷаи ин таҳқиқот ба масъулони ин арса имкон медиҳад, ки камбудиҳои мавҷуд дар заминаи беҳдошт дар ин кишварро аз миён бибаранд. Вале аз ин норасоиҳо дақиқан ном бурда нашуд.
Таҳқиқоти мазкур фарогири огоҳии мардум дар бораи бемориҳои силл ва СПИД ё Эйдз дар Тоҷикистон будааст. Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки ҳар чаҳор зан аз даҳ нафар ҳануз дар мавриди вируси Эйч ой вӣ ва бемории Эйдз иттилоъ надоштаанд.
Кумаки молӣ барои ин таҳқиқотиро USAID ё Ожониси Тавсеъаии Байналмилалии Омрико фароҳам кардааст. Дар маросими муъаррифии ин таҳқиқот сафири Омрико дар Тоҷикистон ба ин нуқта таъкид кард, ки ироаи омори дуруст барои онҳо имкони тавзеъи ҳадафманди кумакҳо барои бахши беҳдошт дар ин кишварро медиҳад.
Сюзан Эллиот гуфт: “Мо барои Тоҷикистон дар заминаҳои мухталифи мубориза бо бемориҳо, аз ҷумла сил ва СПИД ё ЭЙДЗ кумак мекунем. Дар оянда низ ин кумакҳоро барои ин кишвар ироа медиҳем ва барои анҷоми ин иқдом ба мо иттилоъоти дақиқ дар мавриди вазъи беҳдошт зарур аст.”
