Сагҳо дар вилояти Хатлон соҳиби "шиносонома" шуданд

  • 25 Июл, 2013
Саг Ахилетс
Image caption "Ахилетс" лақаби саги сиёҳу сафед аст, ки дар манзили хонаводаи Ҳокимҷон дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад

Бахши раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба идораи байтории ин вилоят дастур додааст, ки соҳибони сагҳо барои ин ҳайвонот шиносономаҳои вижа бигиранд.

Яке аз аҳдофи ин иқдоми ин бахш ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми сагҳои дайду ва ҳор ба сокинони ин вилоят унвон шудааст.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон беш аз сад нафар аз сокинон ба бемористонҳо омаданд ва аз газидани саг шикоят кардаанд.

Ҳарчанд намояндагони бахши тандурустии вилоят мегӯянд, ки ин омор дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта камтар буда, вале бо ин вуҷуд онҳо мавориди ҳуҷуми сагҳо ба сокинон дар соли ҷориро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд.

"Ахилетс" лақаби саги сиёҳу сафед аст, ки дар манзили хонаводаи Ҳокимҷон дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад.

Ҳокимҷон мегӯяд, ки саги ӯ дар сурати вориди манзил шудани афроди ношинос метавонад ӯро гоз гирад.

Вай афзуд: "Саги ман чанд нафареро, ки бидуни огоҳӣ вориди хонаамон шуд ё аз роҳи назди хона рад мешавад гоз гирифт ва як нафар аз ин афрод ҳатто баъд аз ин ҳодиса бемор шуд."

Ҷилавгирӣ аз бемории ҳорӣ

Ҳокимҷон қасд дорад, ки барои сагаш шиноснома бигирад ва ба таври ҳамешагӣ сагро барои ҷилавгирӣ аз бемории ҳорӣ моякубӣ кунад. Зеро ба гуфтаи домнпизишкон саг агар бемор набошад аз вай ба инсон зараре намерасад.

Масъулони идораи байторӣ иттилоъ дар мавриди ироаи шиносномаҳо барои сагҳоро нахуст барои афроде эълом кардааст, ки онҳо дар манозилашон сагҳоро нигоҳ медоштаанд. Дар ин шиноснома лақаби саг ва номи соҳибаш ҳамчунин навъи саг, макони зисти соҳиби вай ва саломати ӯ сабт мешавад.

Ва дар сурате, ки соҳибони саг ба мантиқаи дигар сафар ва сагро ҳамроҳи худ интиқол диҳанд онҳо бояд иҷозаи идораи байториро дарёфт кунанд.

Тибқи дастури ин идора саги сиёҳу сафеди Ҳокимҷон низ соҳиби шиноснома мешавад ва номи Ҳокимҷон дар шиносномаи сагаш ҳамроҳ бо лақаби ӯ яъне "Ахилетс" сабт мешавад.

Ҳокимҷон аз ин ки саги ӯ соҳиби шиноснома мешавад, хушҳол аст ва ӯ мегӯяд: "Хубаст, ки барои сагҳо шиноснома медиҳанд, якум, ки сагамро гум намекунам, чун номи ман дар шиносномааш сабт мешавад. Агар касеро, ки гоз мезанад ман ба ӯ шиносномаашро нишон медиҳам, ки саги ман сиҳат аст ва фарди осебдида низ ором хоҳад буд ва бо ман даъво нахоҳад кард."

Насрулло Розиқов, сардори идораи байтории вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт шиноснома додан ба сагҳо ба хотири муъайян кардани саломати сагҳо ва таҳти контрол доштани моякубии онҳо будааст.

Аз ин рӯ оқои Розиқов гуфт, ки ин муҳлати шиноснома барои саг як сол будааст: "Сагро духтурони байторӣ муъойина мекунанд ва дар сурати сиҳат буданаш ба саг шиноснома медиҳанд. Баъд аз як сол ин саг дубора аз ташхиси домнпизишк хоҳад гузашт."

Image caption Оқои Розиқов гуфт, ки ин муҳлати шиноснома барои саг як сол будааст

Оқои Розиқов ҳушдор дод, ки дар сурате, ки фардеро саг гоз гириад ва муҳлати шиносономаи ин саг аз як сол беш бошад, имкони ба беморӣ гирифтор шудани ин фард вуҷуд доштааст. Ва ӯ машварат медиҳад, ки дар чунин вазъ ҳар чи зудтар ба пизишкон муроҷеъа кунанд.

Сагони вилгард

Ироаи шиноснома ба сагҳо дар вилояти Хатлон дар ҳоле аст, ки дар солҳои гузашта дар қаламрави ин вилоят бемории ҳорӣ ва товун сабт шуда буд.

Ба гуфти оқои Розиқов дар ин вилоят чанд соли пеш мавориди ҳуҷуми сагҳои ҳорӣ ба мардум мушоҳида шуда буд.

Аммо ду соли ахир сагҳои бемор дар вилоят сабт нашудааст, вале то ҳол шумори зиёде аз сагҳои велгард дар шаҳру навоҳӣ мушоҳида мешавад.

Идораи байторӣ мегӯд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон беш аз 54 ҳазор нафар аз мардум дар манозилашон саг нигоҳ медоранд ва то ҳол аз ин шумора танҳо беш аз як ҳазор саг соҳиби шиноснома шудааст. Ироаи шиноснома додан барои сагҳо дар вилояти Хатлон ба тозагӣ оғоз шуда ва қимати таҳияи як шиноснома барои саг даҳ сомонӣ будааст.

Насрулло Розиқов, сардори идораи байтории вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҳамчунин дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз панҷ ҳазору 700 сар саги велгард сабт шуда ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз ду ҳазору 200 саги велгард аз сӯйи ниҳодҳои вижа кушта шудаанд.

Ӯ афзуд, ки барои куштани як саг бо истифода аз туфанг ҳудуди 15 сомонӣ масарф мешудааст.

Як воксин барои афроди осебдида аз саг сад сомонӣ арзиш дорад, ки дар бештари авқот аз пули худи мардуми осебдида харидорӣ мешудааст.

Аммо Умедҷон, сокини шаҳри Қурғонтеппа мегӯяд, сагҳои велгардро набояд бо ин шеваи ба гуфтаи ӯ “бераҳмона” нест кунанд. Умедҷон аз ду ҳафта боз машғули ҷустуҷӯйи саги навъи русӣ бо лақаби "Шарик" аст ва ӯ аз он огоҳ шуд, ки сагашро дар миёни сагҳои дигари велгард парондаанд.

Умедҷон гуфт: "Саги ман касеро гоз нагирифтааст, вале дар миёни гурӯҳи сагҳои велгард ҳамроҳ шуд ва ӯро куштанд. Дилам танг шуд ва бачаҳоям барояш гиря карданд."

Вале барои нигоҳубини сагҳои велгард ниёз ба бунёди макони вижа ва кормандон вуҷуд дорад, ки гуфта мешавад сармоя барои сохтани он дар ихтиёри давлат набудааст.

Матолиби муртабит