Акс: Нигоҳе ба зиндагии даҳмардаҳо аз чашми дурбин

  • 23 Май, 2013

Қурбоналӣ чӯпони муздкор ё тавре, ки дар Тоҷикистон мегӯянд "даҳмардаи" собиқадор аст, ки бо фаро расидани фасли баҳор ва сабзидани чарогоҳҳои Хатлон аз кӯҳистони Рашту Тавлидара ба ин минтақа омадааст. Ӯ ва хонаводааш тӯли солҳо дар канор ва ҳамсозӣ бо табиъат ва бадур аз рӯзгори муосир ва пур аз иттилоъот ба сар мебарад.

Даҳмардаҳо ҳайвоноти аҳлии мардуми рустоӣ ва ё колхозҳоро аз чарогоҳ ба чарогоҳ мебаранд ва дар зери осмони боз нигаҳбонӣ мекунанд.

Орзуи Карим, ҳамкори мо дар вилояти Хатлон ба "айлоқ" - маконе ки Қурбоналӣ Ҳусайнов ин баҳор инҷоро манзили худ ва чарогоҳи бузу гусфандҳояш интихоб карда, рафта ва ба зиндагии ӯ аз чашми дурбин нигоҳ андохтааст.