Кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба арсаи беҳдошти Тоҷикистон

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва вазири дороии ин кишвар рӯзи ҷумъаи 20-уми сентябр як созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он ин бонк барои беҳбуди вазъи саломати ҳудуди 20 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон 20 милюн дуллор тахсис медиҳад.
Тавофуқ дар бораи ироаи ин кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши беҳдошти Тоҷикистон дар авохири моҳи июл ба даст расида буд.
Ин санадро Марша Олив, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири дороиҳои Тоҷикистон имзо кардаанд.
Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи саломатии модару кӯдак дар ҳашт навоҳии вилояти Хатлон ва Суғд ва беҳтарсозии ироаъи хадамоти пизишкӣ дар манотиқи рустоӣ 19,8 милюн дуллор кӯмаки молии билоъиваз ихтисос медиҳад.
Саҳми давлати Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳ 3,2 милюн дуллор арзёбӣ шудааст. Марша Олив, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар маросими имзои ин санад гуфт, ки “сармоягузорӣ ба арсаи беҳдоштӣ ин сармоягузорӣ ба саломатии хонавода ва рушди ояндаи онҳо аст”.
Ба гуфтаи хонум Олив, дар пайи иҷрои ин тарҳ дар канори омӯзиши пизишкон ҳамчунин миқдоре аз бемористонҳо бозсозӣ шуда бо таҷҳизоти муъосири пизишкӣ таъмин хоҳанд шуд.
Хонум Олив афзуд: “Ҳамчунин ин тарҳ имкон медиҳад, ки зарфияти ниҳодҳои пизишкӣ дар суҳуҳи марказӣ, вилоёт ва навоҳӣ ва меконизмҳои сармоягузории фаъъолияти онҳо мушшахас шавад.
Ба гуфтаи вай, иҷрои тарҳҳои мушобеҳ дар кишварҳои мухталиф судовар буданд ва дар ниҳоят ба боло бурдани кайфияти хадамоти пизишкӣ мунҷар шудаанд.
Масъулони намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тӯли 20 соли ҳамкорӣ ин муассисаи молии байналмиллалӣ беш аз чаҳор ҳазор нафар пизишкони тоҷикро бо давраҳои бозомозӣ фаро гирифта ва ҳудуди 20 дарсади бемористонҳои ин кишварро бозсозӣ кардаанд.
Мушоҳидаҳо ҳокист дар бархе аз бемористонҳо ва дармонгоҳҳои Тоҷикистон пизишкон ва ҳамшираҳо бо униформи созмонҳои байналмиллалӣ ифои вазифа карда ва ба ниёзмандон доруҳои ройгонеро тавзеъ медиҳанд, ки аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ ва сойири созмонҳои имдодрасон дарёфт шудаанд.
Бо вуҷуди он ки давлати Тоҷикистон баъд аз поёни даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ба арсаи беҳдошт таваҷҷӯҳ мекунад, мушкилиҳо дар ин арса ҳамчунон зиёд мушоҳида мешаванд.
Бархе аз сокинони кишвар водор мешаванд барои мудово ва ташхис озими кишварҳои дигар, назири Эрон, Русия ва кишварҳои ғарбӣ шаванд. Ин амр ҳазинаи ҳангуфтеро ба дунбол дорад. Ба ин далел бархе аз сокинони Тоҷикистон ночор ҳастанд ба муъассисоти пизишкии дохили кишвар муроҷиъа кунанд.
