Вазорати беҳдошти Тоҷикистон: 'Аз сафар ба Иссиқкӯл худдорӣ кунед'

  • 28 Август, 2013
Иссиқкӯл
Image caption Вазорати беҳдошти Тоҷикистон сокинонро ҳушдор додааст, ки то муддате аз сафар ба ноҳияи Иссиқкули Қирғизистон худдорӣ кунанд

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон сокинони манотиқи марзии ин кишварро ҳушдор додааст, ки барои муддате аз сафар ба минтақаи Иссиқкӯли Қирғизистон худдорӣ кунанд.

Масъулони идораи беҳдории ин вазорат мегӯянд, ки ин тадбирро ба дунболи марги як навҷавони қирғиз бар асари бемории тоъун дар Қирғизистон анҷом додаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муъовини раиси ин идора, рӯзи чаҳоршанбеи 28 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо ба ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон нома фиристода ва аз онҳо дархост кардаанд, ки то равшан шудани вазъияти ин беморӣ дар вилояти Иссиқкӯл аз додани роҳхатҳои гардишгарӣ дар ин макон ба сокинони Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Вай афзуд: "Ҳоло мо иттилоъ дар мавриди онро ки чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон дар Иссиқкӯл қарор доранд, дар даст надорем, вале ҳар нафаре, ки дар манотиқи наздик ба макони таҳти хатари ин беморӣ дар Қирғизистон қарор дорад, бояд дар он ҷо озмоиш шавад."

Оқои Ҷаъфаров мегӯяд, ки зарурати бастани марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҳануз вуҷуд надорад.

Бар асоси иттилоъи хабаргузории мавсум ба "24kg"-и Қирғизистон, дар он кишвар беш аз 160 нафар аз сокинони ноҳияи Оқ-Сӯй ва навоҳии дигари вилояти Иссиқкӯл барои озмоиш дар бемористонҳо бистарӣ шуда ва таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтаанд.

Ин хабаргузорӣ рӯзи чаҳоршанбеи 28 август навишт, ки ҳамаи ин афрод бо Темурбек Исакунов, навҷавони қирғизе, ки аз бемории тоъун ҷон дод, робита доштаанд.

Ба навиштаи "24kg", ҳафтаи гузашта Темурбек Исакунов дар яке аз бемористонҳои вилояти Иссиқкӯл аз бемории тоъун ҷон дод.

Пизишкони қирғиз бархе аз сокинони ин минтақаро, ки бо ин навҷавон дар робита буданд, алайҳи ин беморӣ воксин кардаанд. Ҳамчунин масъулони вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кардаанд, ки хатари бурузи тоъун ин минтақаро таҳдид намекунад.

Бо ин вуҷуд, як рӯз қабл вазорати беҳдошти Қазоқистон шаҳрвандонашро ҳушдор дод, то аз сафар ба Қирғизистон барои муддате худдорӣ кунанд. Масъулони беҳдоштии Тоҷикистон низ сокинони кишвари худро ҳушдор додаанд.

Тайи камтар аз як моҳи ахир бори дувум аст, ки масъулони давлати Тоҷикистон пас аз шуюъи бемориҳои мусрӣ дар қаламрави кишварҳои ҳаммарз тадобире анҷом медиҳанд.

Дар авосити моҳи август се гузаргоҳи марзӣ дар вилояти Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, ба сабаби бурузи бемории вабо дар минтақаи Бадахшони Афғонистон масдуд шуда буд.

Матолиби муртабит