Жопуниҳо аз як қатра хун мӯш сохтанд

Пажӯҳишгарони жопунӣ тавонистаанд бо истифода аз танҳо аз як қатра хун як мӯшро шабеҳсозӣ кунанд.
Бар асоси гузорише, ки дар нашрияи илмии "Зистшиносии тавлиди мисл" мунташир шудааст, барои ин шабеҳсозӣ аз селулҳое истифода шудааст, ки дар системи гардиши хуни як мӯш буданд.
Пажӯҳишгарон гуфтаанд, ки мӯши шабеҳсозишуда мода буда ва тӯли умре муъодили як мӯши маъмулӣ доштааст. Ӯ қобилияти тавлиди мисл низ дошт.
Ин пажӯҳиш дар Маркази Ройкен Биуресурс анҷом шуда ва гузориш шудааст, ки пажӯҳишгарон дар як муассисааи муртабити дигар ахиран наздик ба 600 намунаи женетикии мушобеҳ аз як мӯшро шабеҳсозӣ кардаанд.
Селулҳое, ки то кунун барои шабеҳсозии мӯш ба кор рафтаанд, аз чандин бахши мухталиф, аз ҷумла гулубулҳои сафеди хун дар ғудади линфовӣ, мағзи устухон ва ҷигар бардошта шудааст.
Аммо дар мутолиъае, ки натиҷааш ахиран мунташир шуд, гурӯҳи пажӯҳишгарони жопунӣ баррасӣ кардаанд, ки оё селулҳои системи гардиши хун ҳам барои шабеҳсозӣ қобили истифода ҳастанд ё на. Ин селулҳо дар муқоиса бо дигар селулҳои мавриди истифода дар шабеҳсозӣ барои пажӯҳишгарон дар дастрас ҳастанд.
Ҳидояти гурӯҳи пажӯҳишгарони жопунӣ ба уҳдаи Отсу Угуро дар Маркази Ройкен Биуресурс (Riken BioResource Center ) буд. Онҳо намунаи хуниро, ки барои шабеҳсозӣ истифода кардаанд, аз думи як мӯш бардоштанд, гулубулҳои сафеди онро ҷудо карданд ва ҳастаи ёхтаро барои шабеҳсозӣ ба кор бурданд.
Пажӯҳишгарони жопунӣ дар гузориши худ навиштаанд, ки мутолиъаашон "барои аввалин бор нишон дод, ки бо истифода аз ёхтаи селулҳои хунӣ метавон мӯш шабеҳсозӣ кард."
Пажӯҳишгарон дар Жопун барои солҳо дар заминаи шабеҳсозии мӯш фаъъолият кардаанд.
