Нигаронӣ аз шуюъи круновируси ҷадид

  • 13 Май, 2013

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳушдор дода, ки гунаи ҷадиде аз круновирус, ки боъиси марги чанд нафар дар дунё шудааст, ба эҳтимоли зиёд метавонад аз фард ба фард мунтақил шавад.

Круновирусҳо гурӯҳи хосе аз вирусҳо ҳастанд, ки аз назари танаввуъ, тайфи густардае аз ҷумла вируси сармохӯрдагӣ ва вируси маргбори СОРС( SARS)-ро шомил мешаванд.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ рӯзи якшанбе тайи баёнияе эълом кард: "Ин ки дастаҳои мухталифи ин вирус дар кишварҳои мутаъаддид мушоҳида шудааст, ба таври физоянда аз ин фарзия ҳимоят мекунад, ки вақте тамоси наздик вуҷуд дорад, круновируси ҷадид метавонад аз фард ба фард мунтақил шавад."

Ин баёния меафзояд: "Ин раванди интиқоли аз фард ба фард то кунун ба дастаҳои кучаке маҳдуд будааст. Дар ҳоли ҳозир мадраке дол бар ин ки вирус зарфияти интиқоли мустамир ва умумӣ дар сатҳи ҷомеъаро дошта бошад, вуҷуд надорад."

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки аз соли 2012 33 мавриди ибтило ба ин вирус дар Урупо ва Ховари Миёна гузориш шудааст ва дар маҷмӯъ 18 нафар аз мубталоён, фавт кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати беҳдошти Фаронса дувумин мавриди ибтило ба ин вирусро таъйид ва онро як мавриди интиқол аз фард баровард кардаанд.

Пештар мақомҳои Арабистони Саъудӣ аз марги ду нафар дар асари ибтило ба навъи ҷадиди круновирус хабар дода буданд.

Аксари мубталоён ба ин вирус мардони мусин ҳастанд. Синапаҳлуи шадид (пневмония) ва дар мавориде осеб ба кулияҳо (гурдаҳо) аз аворизи вирус будааст.

Дар соли 2002 шуюъи густардаи круновируси SARS, пас аз сироят аз Ҳунгкунг ба 30 кишвари дигари ҷаҳон ба марги ҳудуди 800 нафар мунҷар шуд.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ таъкид дорад, ки навъи ҷадиди круновируси SARS фарқ дорад ва маншаъи он мушаххас нашудааст.

Илова бар Фаронса ва Бритониё, вируси ҷадид дар Арабистони Саъудӣ, Урдун ва Олмон низ шумореро бемор кардааст.

Матолиби муртабит