Созмони Милал: Хӯрдани ҳашарот ба муқобила бо гуруснагӣ дар ҷаҳон кумак мекунад

  • 14 Май, 2013

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише бар аҳаммияти нақши ҳашароти қобили хӯрдан дар муқобила бо гуруснагӣ дар ҷаҳон таъкид кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ки тавассути Созмони Хорбору Кишоварзии Созмони Милал таҳия шуда, ҳашароти қобили хӯрдан метавонад зимни кумак ба афзоиши маводди ғизоӣ боъиси коҳиши олудагӣ шавад.

Ин ниҳоди байналмилалӣ дар ин гузориш хотирнишон кардааст, ки то кунун беш аз 2 милёрд нафар дар ҷаҳон тағзия аз ҳашароте мисли малах, суск ва мӯрчаро дар режими ғизоиашон гунҷондаанд.

Аммо ин гузориш дар айни ҳол аз "инзиҷори масрафкунанда" барои хӯрдани ҳашарот ба унвони бузургтарин монеъ дар кишварҳои ғарбӣ ном бурдааст.

Бар асоси ин гузориш ҳашаротро метавон дар ҳар куҷо ёфт ва онҳо қодир ба тавлиди сареъ ҳастанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шуда, ки ҳашарот рушди сареъе доранд ва олудагиҳои камтаре эҷод мекунанд.

Арзиши ғизоӣ

Таҳиякунандагони ин гузориш зимни ишора ба арзиши ғизоии ҳашарот гуфтаанд, ки мизони прутеин, чарбӣ ва маводди маъданӣ дар ин ҷонварон боло аст

Бар асоси ин гузориш, ҳашарот, "бавижа барои кӯдаконе ки дучори сӯитағзия ҳастанд, метавонанд мукаммили ғизоии муҳимме бошад."

Ҳашарот аз қобилияти болое дар тавлиди прутеин бархӯрдоранд. ба унвони мисол мизони тавлиди прутеини ҷирҷирак дар муқоиса бо гов 12 баробар аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст аксари ҳашарот эҳтимолан гозҳое гулхонаии камтаре тавлид мекунанд.

То кунун шумори зиёде аз мардуми ҷаҳон ҳашаротро дар режими ғизоии худ қарор додаанд, аммо истифода аз онҳо ба унвони моддаи ғизоӣ эҳтимолан барои бисёре ғарбиҳо шуковар бошад.

Дар ин гузориш пешниҳод шуда, ки саноеъи ғизоӣ бо қарор додани ҳашарот дар дастуруламалҳои ҷадиди ғизоӣ ва изофа кардани онҳо ба менуҳои рустуронҳо ба корбурди ҳашарот дар маводди ғизоӣ кумак кунанд.

Матолиби муртабит