'Кӯдакон дар баробари сирояти сил аз бузургсолон осебпазиранд'

Дар Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии дурӯзаи кормандони арсаи беҳдошт ва пизишкони бемории сил ба манзури табодули таҷруба барои коҳиши сатҳи ин беморӣ дар минтақа ва ҷаҳон доир шуд.
Мавзӯъи аслии ин нишаст “Дастрасӣ ба дармони сил дар бемористонҳо ва муроқибат аз кӯдакони мубтало ба сил дар Осиёи Миёна ва Урупои шарқӣ” буд.
Мутахассисони кишварҳои хориҷии ширкаткунанда дар ин нишаст нисбат ба таҷдиди сохтории вазоратҳои кору таъмини иҷтимоъӣ ва беҳдошт ва таҳвили салоҳияти таъмини иҷтимоъӣ ба Вазорати беҳдошт изҳори хушбинӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, мушкилоти иҷтимоъӣ ва фақру камбизоъатӣ яке аз авоимили аслии ибтило ба бемории сил дар ҷомеъа аст.
Аъзам Мирзоев, муъовинин вазири беҳдошт ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, ки ин ҳамоишро гардонандагӣ мекард, гуфт, ки хатари ибтило ба бемории сил қабл аз ҳама кӯдаконеро, ки дар хонаводаҳои дорои афроди мубтало ба сил ҳастанд, таҳдид мекунад.
Вай афзуд: “Масъалаи марбут ба бемории сил дар Тоҷикистон на танҳо масъалаи доғи бахши беҳдошт, балки тамоми ҷомеъа, боқӣ мемонад. Аз ҷумла, кӯдакони осебпазир аз даҳ то бист бор бештар ба ин беморӣ мубтало мешаванд.”
Аммо оқои Мирзоев гуфт, ки омор дар мавриди кӯдакони мубтало ба бемории сил ба сабаби мушкилот дар ташхиси ин беморӣ дар миёни ин қишри ҷомеъа ночиз буда ва воқеъиятро бозтоб намедиҳад. Вай афзуд, ки барои мудовои кӯдакони мубтало ба ин беморӣ доруҳои бокайфият лозим аст.
Оқои Мирзоев ҳамчунин гуфт, ки дар соли 2011 натиҷаи муассири дармони кӯдакон аз бемории сил дар Тоҷикистон беш аз 86 дарсадро ташкил додааст.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳудуди як милюн кӯдак ва навҷавони мубтало ба бемории сил сабт мешаванд, ки се чаҳоруми онҳо дар 22 кишвар бо сатҳи баланди ибтило ба ин беморӣ зиндагӣ мекунанд.
Аз соли 2002 ба ин сӯ дар Тоҷикистон барномаи мубориза бо сил ё DOTS иҷро мешавад. То соли 2008 ин барнома тамоми қаламрави ин кишвар, аз ҷумла зиндонҳоро, фаро гирифтааст.
Тавре ки масъулони арсаи беҳдошт мегӯянд, дар пайи иҷрои ин барнома онҳо тавонистаанд сабти номи беморони сил ва ташхиси ин бемориро дар саросари кишвар танзим кунанд.
Соли 2010 давлати Тоҷикистон барномаи миллии мубориза бо бемории силро роҳандозӣ кард. Ҳамакнун дар тамоми бемористонҳои ин кишвар 170 тахти хоб барои мудовои кӯдакони мубтало ба сил мавҷуд аст. Аммо коршиносони арсаи беҳдошт ин миқдор тахти хобро ночиз медонанд.
Вале Зоҳир Абдуллоев, муъовини раиси Маркази мубориза бо силли Тоҷикистон, мегӯяд, ки сол то сол шумори мубталоён ба ин беморӣ дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.
Оқои Абдуллоев гуфт: "Сатҳи баланди ибтило ба бемории сил дар Тоҷикистон дар соли 2007 сабт шуда буд, ки аз ҳар сад ҳазор нафар 85 нафарро ташкил медод. Дар соли 2012 ибтило ба ин беморӣ коҳиш ёфта ва шумори мубталоён аз ҳар сад ҳазор нафар 68,6 нафарро ташкил додааст.”
Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, мизони маргумири беморони сил низ дар ин муддат аз ҳар сад ҳазор нафар 5,1 нафарро ташкил медиҳад. Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон барои ташхиси бемории сил ҳудуди 100 озмоишгоҳи заррабинӣ (микроскопия) ва дар вилоёт озмоишгоҳҳои микрубшиносӣ (бактерископия) фаъъол ҳастанд.
Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, аз соли 2009 ба ин сӯ дар Тоҷикистон теъдоди беморони ҳомили вируси муқовими сил ба дору низ мушаххас шуда ва онҳо дармон меёбанд.
Аз сӯйи дигар, ҳарчанд бисёре аз беморони сил ва пайвандони онҳо аз ситондани сармоя барои дору ва мудовои ин беморӣ шикоят мекунанд, вале ба гуфтаи масъулини арсаи беҳдошти Тоҷикистон, дору ва дармони беморони сил дар ин кишвар комилан ройгон аст.
Дар ҳамоиши рӯзҳои 5 ва 6 декабр дар шаҳри Душанбе ба ҷуз аз кормандони асраи беҳдошти Тоҷикистон, намояндагони ин арса аз Узбакистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон ва Гурҷистон низ ширкат карданд.
Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳануз ба мутахассисони бемории сил ва таҳҷизоти навини фаннӣ барои муъоянаи беморон ва ташхиси ин беморӣ ниёзи мубрам дорад.
Ҳамчунин, мутахассисони бемории сил ба сабаби ночиз будани ҳуқуқи моҳиёна шуғли худро тарк карда ва ба фаъъолиятҳои дигаре машғул мешаванд.
Ин ҳамоиши дурӯза ба ибтикори Вазорати беҳдошт ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ва намояндагии созмони байналмилалии Пизишкони Бидуни Марз дар ин кишвар баргузор шуд.
