Ҳушдори пизишкон дар бораи зуком дар Хатлон

  • 14 Ноябр, 2013

Бахши вазорати беҳдошти вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои сарди тирамоҳ ва зимистон эҳтимоли шиюъи бемории зуком дар миёни сокинони ин вилоят вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ масъулони беҳдоштӣ аз кормандони муассисаҳои беҳдоштӣ дархост кардаанд, барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ ба сокинони ин минтақа тавсияҳо бидиҳанд ва барои кумаки муассир ба онҳо дар сурати шиюъи ин беморӣ омодагӣ бигиранд.

Бахши вазорати беҳдошти вилояти Хатлон ҳамчунин ба мардум машварат дода, замоне, ки мубтало ба ин беморӣ мешаванд, аз рафтан ба амокини ҷамъиятӣ худдорӣ ва аз ниқобҳои вижа барои ҷилавгирӣ аз сирояти зуком ба дигарон истифода кунанд.

Нурулло Бояков, як масъули бахши вазорати беҳдошти дар Хатлон гуфт, мушоҳида шудааст, ки дар вилоят дар остонаи фасли замистон теъдоди бештари сокинон ба бемории зуком гирифтор мешаванд.

Оқои Бояков мегӯяд, бозгашти теъдоде аз муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон низ яке аз омилҳои афзоиши омори ин беморӣ будааст. Вай афзуд, аз ин рӯ онҳо аз тариқи ширкатҳои телевизиюнии маҳаллӣ мардумро ҳушдор медиҳад, ки худро аз ин беморӣ эҳтиёт кунанд.

Пизишкон мегӯянд, ки бемории зуком хатароти зиёде ба инсон надорад, аммо мӯҷиби он мешавад, ки масунияти бадани афроди гирифтор ба ин беморӣ заъиф шуда ва онҳо ба бемориҳои дигари танаффусӣ гирифтор шаванд.

Пизишкон мегӯянд, маъмулан дар Тоҷикистон хатароти шиюъи бемории зуком аз авоили моҳи октябр оғоз шуда ва таҳдиди мубтало шудан ба ин беморӣ то авохири моҳи март боқӣ мемонад.