Муъаррифи натоиҷи пажуҳиши вазъи демугрофики Тоҷикистон

  • 20 Ноябр, 2013
Кунфаронси илмӣ
Image caption Дар конфаронс таъкид шудааст, ки яке аз мушкилоти умда дар масоили занон дар ҷаҳон издивоҷи зудҳангоми занон будааст

Дар конфаронси илмие дар шаҳри Душанбе натиҷаи пажӯҳиши ҷадиди коршиносони Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон зери унвони “Баррасии демугрофӣ ва беҳдошти Тоҷикистон” муъаррифӣ шуд.

Дар ин конфаронс, рӯзи чаҳоршанбеи 20 ноябр гуфта шуд, ки яке аз мушкилоти умдаи занон дар ҷаҳон издивоҷи зудҳангом аст, ки ба саломати модару кудак таъсироти ногуворе мегузорад. Ин дар ҳолест, ки назарсанҷии ожонси давлатии омор ҳокӣ шуда, ки 15 дарсад аз занон дар Тоҷикистон дар синни қабл аз 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.

Камтар аз як дарсади занони синни 29-49 сола аз миёни пурсидашудагон гуфтанд, ки қабл аз расидан ба синни 15 сол издивоҷ кардаанд. Ин таҳқиқот мушаххас кардааст, ки ҳафт дарсади занони тоҷик то синни 19 солагӣ кӯдак ба дунё овардаанд ва сатҳи зоймони зудҳангом дар ин кишвар коҳиш наёфтааст.

Натиҷаи таҳқиқоти мазкур ҳамчунин ҳокӣ аз он будааст, ки ҳудуди 67 дар сади занон дар Тоҷикистон издивоҷкардаанд, 5 дарсад аз ҳамсаронашон талоқ гирифта ва ё дигар бо онҳо зиндагӣ намекунанд.

Пажӯҳиши коршиносони Ожонси омори Тоҷикистон дар тобистони соли 2012 анҷом шуда ва дар ҷараёни он 200 нафар аз кормандони ожонс, ки беш аз 70 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медоданд, ширкат кардаанд.

Ин кормандон назарсанҷиеро дар миёни ҳудуди 10 ҳазор нафар аз занону духтарони аз синни 15 то синни 49 анҷом доданд.

Дар ҷараёни таҳқиқоти коршинонсони ин ниҳод шумори занон ва духтарони бесавод низ мушаххас шудааст, ки ду дарсад аз ҷумлаи занону духтарони пурсидашударо ташкил медиҳанд.

Азиза Ҳамидова, намояндаи Сандуқи Нуфуси Созмони Миллаи Муттаҳид дар Тоҷикистон дар конфаронси илмӣ бо таъкид ба аҳамияти ин пажӯҳиш дар боло бурдани сатҳи саломати занон ва кӯдакон дар кишвар гуфт, ки гузориши имсоли созмони онҳо ба зоймони зудҳангоми занон бахшида шудааст.

Хонуми Ҳамидова афзуд: “Шояд дар Тоҷикистон бо кушиши мақомоти ин кишвар ин масъала он қадар шадид нест, аммо бо ин вуҷуд масъулони Сандуки нуфуси СММ аз тамоми кишварҳо даъват кардаанд, ки ин масъаларо ҷиддӣ гиранд.”

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди он ки давлати Тоҷикистон бо тасвиби қонуни вижа синни издивоҷ барои духтарон дар ин кишварро 18 сол таъйин карда, вале гуфта мешавад, ки дар бархе аз манотиқи кишвар ҳанӯз мавориди ба шавҳар додани духтарони ноболиғ мушоҳида мешавад.

Image caption Натиҷаи пажӯҳиши ҷадид ҳокист, ки 15 дарсад аз занон дар Тоҷикистон қабл аз расидан ба синни 18 солагӣ издивоҷ кардаанд

Бахтия Муҳаммадиева, раиси Ожонси омори Тоҷикистон дар ҳамоши имрӯз гуфт, ки ин таҳқиқот ба масъулони арсаи тандурустӣ имкон медиҳад, камбудиҳои мавҷуд дар заминаи беҳдошт дар ин кишвар, аз ҷумла сӯйитағзияи занони ҳомила ва кӯдакони зери синни панҷсолро аз миён бибаранд.

Зеро яке аз аҳдофи таҳқиқоти мазкур мушаххас кардани мизони зоймон, ироаи хадамоти пизишкӣ ва истифода аз он ва хоҳиши занон барои фарзанддорӣ будааст.

Намояндагони Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтанд, мизони маргуи мири кӯдак ва модар ҳамчунон яке аз мушкили ин арса дар ин кишвар будааст.

Саида Ҷобирова, муъовини вазорати тандурустӣ гуфт: “Сатҳи маргу мири модар ва кӯдак дар Тоҷикистон ҳамчунон баланд аст ва ин яке аз мушкилоти аслии арсаи тандурустӣ ва шарикони онҳо мебошанд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҳифзи саломати модарон кӯдакону наврасон нокофӣ аст. Сабабҳои аслии ин маблағгузории нокофӣ, системаи сусти (пасти) хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи пасти саводнокии сокинон мебошанд.”

Бар асоси таҳқиқоти коршиносони Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон дар соли 2012 мизони маргу мири кӯдакони навзод баробар бо 19 марг ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда будааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2008 ин омор 34 кӯдак ба ҳар як ҳазор таваллудро ташкил медодааст.

Таҳқиқоти ҷадид фарогири огоҳии мардум дар бораи бемориҳои силл ва СПИД ё Эйдз дар Тоҷикистон низ будааст. Масъулони таҳқиқот аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки аз даҳ чаҳор зан дар Тоҷикистон ҳануз дар мавриди вируси Эйч ой вӣ ва бемории Эйдз иттилоъ надоранд.

Матолиби муртабит