12 мавриди истфода аз нерӯи кӯдак дар Хатлон

Идораи назорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоъӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд дар соли ҷорӣ 12 мавриди ҷалби кӯдакон ва ноболиғон ба корҳои сангин дар ин минтақаро ошкор кардааст.
Қобилҷон Маҳмадтоиров, масъули ин ниҳод ба хабарнигорон гуфтааст, ки онҳо баъд аз гузронидани таҳқиқоти вижае дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ин қазияро ошкор кардаанд.
Оқои Маҳмадтоиров гуфт, ки ба ҷуз ин дар ҷануби Тоҷикистон 18 мавриди ҷалби сокинони ин минтақа ба корҳои ғайрирасмӣ низ ифшо шудааст.
Дар натиҷа алайҳи се нафар аз корфармоён дар ин минтақа парвандаҳои идорӣ боз шуда аз ҳар яке аз онҳо 2 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пулиси Хатлон дар юришҳо (рейд) аз бозору хиёбонҳои ин минтақа даҳҳо кӯдакро ба ҳангоми даст задани ин кӯдакон ба фаъъолиятҳои мухталиф боздошт карда ва онҳоро ба хонаводаҳояшон фиристодаанд.
Аммо пулис мегӯяд, ки баъди боздошти дубораи чунин кӯдакон, ки дар бозорҳо дар соъоти дарсӣ ба ин кор даст мезананд, алайҳи волидони онҳо тибқи "Қонуни масъулияти падару модар барои тарбияти фарзанд" парвандаҳои идорӣ боз мешаванд.
Юсуф Обидов, як масъули пулиси Хатлон баъд аз тайиди ин хабар гуфт, ки дар соли ҷорӣ аз волидони ноболиғони боздоштшуда дар бозору хиёбонҳо, ки корҳои мухталифро анҷом медодаанд, беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи кунвенсиюни ҳуқуқи кӯдак истифода аз нерӯи кӯдак дар тамоми кишварҳое, ки ин кунвенсиюнро тасвиб карданд, мамнӯъ аст.
Аммо дар рустоҳо ва навоҳии Тоҷикистон аз нерӯи кӯдакон дар мазореъ ва бозорҳо ба таври густарда истифода мешавад, зеро дар бархе аз хонаводаҳои фақиру нодор аксаран кӯдакон ва ноболиғон ноноварони хонаводаҳо мебошанд.
Аз сӯйи дигар масъулони идораи омӯзишу парвариши Хатлон гуфтаанд, ки дар бештари авқот кӯдакон ва ноболиғон берун аз соъоти дарсӣ барои кор ба бозор ва мазореъи кишоварзӣ мераванд.
