Қумсангир: Волидон барои манъи таҳсили кӯдаконашон муҳокима мешаванд

Дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлони Тоҷикистон се нафар барои эҷоди мавонеъ дар таҳсили духтаронашон ба додгоҳ кашида шуданд.
Додситонии ин ноҳия таҳқиқоти парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи сарпарастони се хонаводаро тибқи моддаи 164, қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне эҷоди мавонеъ дар таҳсили ҳатмии фарзандонашон ба поён расонда ва парвандаҳоро барои муҳокима ба додгоҳ ирсол кардааст.
Волидони ин хонаводаҳо духтарони шогирди мактаби ҳамагониро аз таҳсил дар макотиб барканор карданд, ки қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ин амал то ду сол зиндон ва ё ҷаримаи аз як то ду ҳазор сомониро дар назар гирифтааст.
Масъулини додситони ноҳияи Қумсангир дар як ҷаласа гуфтаанд, ки ин падару модарон бар хилофи моддаи 41-и Қонуни асосии Тоҷикистон, ки таҳсил дар мактабро то синфи нӯҳум ҳатмӣ медонад, рафтор кардаанд. Моддаи 42-и қонуни маъорифи Тоҷикистон, волидон дар ин кишварро муваззаф мекунад, ки шароити омӯзишу парваришро барои таҳсилоти нӯҳсолаи ҳатмии фарзандонашон фароҳам созанд.
Додситонии ноҳияи Қумсангир ба сокинони маҳаллӣ гуфтааст, ки ин афрод ҳамчунин “Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро нақз кардаанд.
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ додситони ноҳияи Қумсангир алайҳи 62-нафар, ки дар таълиму тарбияи фарзандонашон “бемасъулиятӣ” зоҳир карда ва бештари онҳо дар додгоҳ муҳокима шудаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки дар бештари чунин маворид волидон ба пардохти беш аз як ҳазор сомонӣ маҳкум мешаванд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон муътақиданд, ки волидон ба хотири фақру нодорӣ духтарони худро аз таҳсил дур мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо дар ҷануби Тоҷикистон дар аксар маворид кӯдакони нӯҳ ва ё даҳ сола бо ҳамроҳи аъзои дигари бузургсоли хонавода барои таъмини рӯзгор дар мазореъи кишоварзӣ кор мекунанд ва ба ин хотир бисёре аз ин кӯдакон аз таҳсил дар макотиб дур мемонанд.
Ҳамчунин дар манотиқи рустоии Тоҷикистон хонаводаҳои суннатие ҳастанд, ки духтаронро баъд аз нӯҳсолагӣ аз таҳсил дар мактаб бино ба боварҳои суннатиашон барканор карда ва омӯхтани кори хонаро барои ояндаи ин духтарон муфидтар аз таҳсил медонанд.
