Барномаи бозомӯзии омӯзгорони макотиб барои дарёфти мадраки донишгоҳ

  • 8 Июл, 2013
Насриддин Саидов
Image caption Оқои Саидов гуфт Вазорати маъорифи Тоҷикистон барномаи вижаеро барои ба таҳсил фаро гирифтани ин омӯзгорон рӯйи даст гирифтааст

Дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазору 400 омӯзгор бидуни мадраки донишгоҳҳои вижаи омӯзгорӣ ба донишомӯзон тадрис мекунанд.

Ин муъаллимон дар солҳои қаблӣ ба манзури рафъи мушкилоти камбуди омӯзгорон ба макотиби ҳамагонӣ барои тадрис ба кӯдакон ҷалб шудаанд.

Аксари ин омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи шогирдони фаъъоли макотибе ҳастанд, ки ҳоло дар онҷо худашон ба унвони устод кор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати маъорифи Тоҷикистон гуфт, ки барномаи вижаеро барои ба таҳсил фаро гирифтани ин омӯзгорон рӯйи даст гирифтааст.

Насриддин Саидов, рӯзи душанбеи 8 июл дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз се ҳазору 800 мактаби ҳамагонӣ фаъъол ҳастанд ва беш аз яксаду сӣ ҳазор муъаллим дар онҳо кор мекунанд.

Оқои Саидов афзуд: "Бо ин вуҷуд макотиби ҳамагонӣ дар Тоҷикистон ниёз ба як ҳазору 200 муъаллим доранд. Вале ман ба шумо мегӯям, ки он рӯзе, ки мо омӯзгоронро аз тариқи озмун ба мактаб истихдом мекунем, дур нест.”

Ин дар ҳолест, ки иддае аз коршиносон аз мавҷудияти шумори бештаре аз омори расмии омӯзгорони бидуни мадраки донишгоҳ дар макотиби ҳамагонӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд ва онҳо тадриси афроди бидуни дониши вижаи омӯзгорӣ дар макотибро яке аз далоили бад будани кайфияти таълим ва камсавод шудани шогирдони макотиб дар Тоҷикистон медонанд.

Оқои Саидов мегӯяд, ки камбуди омӯзгорон дар макотиби ҳамагонӣ бештар дар навоҳии дуруфтодаи ин кишвар эҳсос мешавад. Ва аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ онҳо водор мешаванд, ки иддае аз шогирдони қаблии макотибро барои тадрис ба кӯдакон дар ин муассисот истихдом кунанд.

Оқои Саидов мегӯяд, ки аксари ин омӯзгорон, аз ҷумлаи духтарони ҷавон буда ва бо ҷалби онҳо ба идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо кайфияти тадрис дар макотиб низ боло хоҳад рафт.

Ин дар ҳолест, ки мушкили аслии омӯзгорон ночиз будани ҳуқуқи моҳонаи онҳо унвон шуда ва гуфта мешавад, ки ба ин далел бисёре аз омӯзгорон кори худро тарк карда ва барои ҷӯстуҷӯйи кор ба Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ мераванд.

Аммо вазири маъорифи Тоҷикистон мегӯяд, давлати Тоҷикистон ҳуқуқи моҳонаи омӯзгоронро дар як соли ахир ду бор афзоиш додааст.

Вале оқои Саидов афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба будҷеи ихтисосёфтаи давлат ба ин арса имкони афзоиши қобили мулоҳизаи ҳуқуқи омӯзгорон дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ба манзури афзоиши кайфияти тадрис ва ҳимояти молӣ аз зиндагии иҷтимоъии омӯзгорон барномаҳоеро рӯйи даст гирифтаанд.

Сандуқе мавсум ба "Муъаллими кӯҳистон", ки фаъъолиятҳои аслии онҳо барои тавсеъаи бахши илм, омӯзишу парвариш ва фарҳанг дар Тоҷикистон равона шудааст дар бархе аз манотиқи кӯҳистонӣ кумакҳои фаннӣ ва молиро ба бархе аз макотиби ҳамагонӣ ироа додаанд.

Зуриддин Нуров, раиси ин сандуқ мегӯяд, ки онҳо барои ҷилавгирӣ аз тарки шуғли омӯзгорон барои омӯзгорони макотиби ҳамагонӣ дар бархе аз навоҳии вилояти Бадахшон барномаҳоеро пиёда кардаанд.

Оқои Нуров мегӯяд: "Яке аз барномаҳои мо кумак ба омӯзгорон барои тафреҳ дар замони таътили онҳо аст. Мо ҳамчунин мактаби ҳамагонии шумораи яки Калаъаихуми ноҳияи Дарвозро комилан бо фанноварии муъосир таъмин кардем."

Оқои Нуров мегӯяд, ки сандуқи онҳо барои иддае аз омӯзгорони мактаб ҳуқуқи иловагӣ низ таъйин кардааст. Аммо бо ин вуҷуд мактаби шумораи яки ин ноҳия низ ниёз ба омӯзгори се дарс доштааст.

Дар ҳамин ҳол бисёре аз коршиносони иқтисодӣ бар ин назаранд, ки дар сурате ки давлат ҳуқуқи ҳадди ақали омӯзгорони макотиби ҳамагонӣ дар Тоҷикистонро беш аз як ҳазор сомонӣ таъйин кунад, аксари омӯзгорони қаблие, ки дар Русия машғули муҳоҷирати корӣ ҳастанд ба кишвар боз хоҳанд гашт ва ба тадрис дар макотиби ҳамагонӣ дар ин кишвар идома хоҳанд дод.

Матолиби муртабит