Кумаки фаннии Иттиҳодияи Урупо ба арсаи маъорифи Тоҷикистон
Намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар як маросим ба Донишгоҳи молӣ-иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 100 ҳазор юуру таҷҳизоти фаниии замонавӣ эъто кардааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин намояндагӣ дар шаҳри Душанбе, ин таҷҳизот, аз ҷумла 24 адад роёна, 4 тоблу, 6 принтер ва фановарии дигар рӯзи чаҳоршанбеи 3 июн дар маросими вежа ба раҳбарияти донишгоҳ супурда шуд.
Ҳадафи аслӣ аз ироаи ин кумакҳои Иттиҳодияи Урупо ба як донишгоҳ дар Тоҷикистон боло бурдани кайфияти тадрис дар ин кишвар увнон шудааст.
Коршиносон бо ишора ба фарсуда будани таҷҳизоти фании аксари муассисоти омӯзишӣ дар Тоҷикистон чунин кумакҳои созмонҳо ва кишварҳои пешрафта барои беҳбуди вазъи бахши омӯзиш ва парвариш дар ин кишварро муфид мехонанд.
Кумаки ахири ИУ ба Донишгоҳи молӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи вежаи “Ислоҳоти идоракунии молии давлатӣ”сурат гирифт, ки барои иҷрои ин барнома дар Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2014-2016 ҳашт милюн юуру пешбинӣ шудааст.
