Шеваи нави имтиҳонот барои донишомӯзон

Донишомузони синфи даҳ дар чанд макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон системи ҷадиди имтиҳонсупории тестиро таҷруба мекунанд
Шурӯъ аз 15-ум то 22-уми моҳи июн ба ҷуз аз шаҳри Душанбе боз дар шаш маркази имтиҳонот воқеъ дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон шогирдони синфи даҳи макотиб дар озмоиши тест ва ё суолномаҳои имтиҳонотӣ ширкат мекунанд.
Ин пружаи озмоиширо Маркази давлатии милии тест бо кумаки молии созмонҳи байналмилалӣ аз ҷумла сандуқи Сурус ва ва бунёди "Рушди таҳсилоти олии Русия" ва Бонки Ҷаҳонӣ даро Тоҷикистон пиёда мекунанд.
Беш аз 7 ҳазор нафар барои имтиҳонсупорӣ аз тариқи тест сабтином шуда ва даъватнома дарёфт кардаанд.
Сабзалӣ Ҷаъфаров, раҳбари Маркази давлатии милии тест мегӯяд: "Ҳар ширкаткунанда ва ё довталабе, ки ба маҳалли баргузории имтиҳонот дар шаҳру навоҳие, ки онҷо зиндагӣ мекунад, ҳозир мешавад даъватномае дарёфт мекунад, ки дар он маҳал ва соъати баргузории давраи имтиҳонот навишта шудааст."
Гуфта мешавад шуруъ аз соли 2014 комилан ҳамаи фориғуттаҳсилини макотиби Тоҷикистон тариқи натиҷаи тест ва ё (озмун) ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар пазируфта хоҳанд шуд.
Оқои Сабзалӣ мегӯяд: "Имсол мо танҳо синфҳои 10-ро барои озмоиши тест ҷалб кардем, зеро онҳо нахустин шуда дар соли 2014 бо ин тарзи имтиҳонсупорӣ шомили донишкада ва донишгоҳҳо хоҳанд шуд."
Оқои Сабзалӣ ҳадаф аз ин навъи санҷиши дониши довталабонро дар одилона пазируфтани довталабон ба донишгоҳҳои кишвар унвон карда ва гуфт: "Ин нахустин таҷриба ҳам барои мубтакирони баргузорӣ ва ҳам барои шогирдони макотиб хоҳад буд ва яксол қабл аз роҳандозӣ мо каму кости ин системро меомӯзем ва фурсате ҳам барои ислоҳи камбудиҳо дорем."
Соҳибназарон мегӯянд, ки дар таҳияи тести имтиҳонотӣ барои довталабони макотиби олии кишвар мутахасисони тоҷик аз таҷрубаи кишварҳои ҳамсуд кор гирифтаанд.
Ҳадаф аз пазириши ин шеваи имтиҳонсупорӣ барои довталабон роҳ надодан ба тақаллуб ва фасод дар донишкадаву донишгоҳҳои кишвар аст.
Довталаб ду маротиба барои имтиҳонсупорӣ ҳозир мешавад рӯзи аввал 150 дақиқа вақт дорад то ба суолҳои риёзӣ, таърихи Тоҷикистон, ҳуқуқ ва забони давлатӣ посух бигӯяд, баъди чанд дақиқа танафус боз 90 дақиқа вақти дигар дорад то иншои кучаке бинависад.
Рӯзи дуввум довталаб ба суолоти риштаи интихоб намудааш ҷавоб мегӯяд.
Дар маҳалли имтиҳонсупорӣ дар манотиқ на устодони донишгоҳҳо балки намояндаҳои вазорати маориф ва ё ашхоси ҷудогона, ки давраҳои омӯзиширо пуштисар кардаанд, ҷараёни имтиҳонотро назорат мекунанд.
Ин нозирони имтиҳонот варақаҳои имтиҳонотиро ба довталабон тақсим карда ва дар поёни вақти муаяншуда ин варақаҳоро ҷамъоварӣ мекунанд ва аз тамоми манотиқи кишвар ин варақаҳо ба шаҳри Душанбе ба Маркази давлатии милии тест ирсол мешавад ва дар инҷо мошини ташхиси имтиҳонот натиҷаи ин имтиҳонотро мушахас мекунад.
Ин тарзи имтиҳонсупорӣ танҳо барои донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст ва он намояндагиҳои донишкада ва донишгоҳҳои олии кишварҳои дигар, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд дар айни ҳол ҳеҷ мувофиқаномае бо Марказ давлатии милии тест надоранд.
Ба ҷуз Тоҷикистон ва Туркманистон дар дигар кишварҳои собиқ шуравӣ ин навъи имтиҳонсупорӣ чанд сол аст ба роҳ уфтодааст.
