Сахтгирии бештар дар баррасии визои донишҷӯёни хориҷӣ дар Омрико

Давлати Омрико наҳваи баррасии визои донишҷӯёни байналмилалиро дар пайи бумбгузорӣ дар Бустун сахтгиртар карда ва кунтрулҳои марзии бештаре дар ин раванд эъмол хоҳад кард.
Тасмими давлати Омрико баъд аз он гирифта шуд, ки Азамат Тожойков, як донишҷӯ аз Қазоқистон муттаҳам шудааст, ки бо аз байн бурдани осори ҷурм, ба Ҷавҳар Сарнаев, яке аз мазнунони бумбгузорӣ, кумак кардааст.
Азамат Тожойкови 18-сола авоили соли ҷорӣ бидуни ин ки визои донишҷӯии муътамаде дошта бошад иҷозаи вуруди дубора ба хоки Омрико ёфт.
Иҷозаи ҳузури ӯ ба унвони донишҷӯ дар хоки Омрико амалан баъд аз ихроҷаш аз донишгоҳ мулғӣ шуда буд, аммо ин мавзӯъ ҳанӯз дар гузарномаи ӯ мунъакис нашуда буд ва амалан визои ӯ дар гузарнома ҳанӯз ба ҷойи худ боқӣ буд.
Ин дар ҳоле аст, ки масъулони марзӣ мутаваҷеҳи ин мавзӯъ нашуда ва ба донишҷӯе, ки визои мӯътабар надоштааст, иҷозаи вуруд ба хоки Омрикоро доданд.
Дар ҳафтаи гузашта ин ҷавони қирғизистонӣ ба иттиҳоми мамонеъат аз иҷрои адолат дар таҳқиқоти марбут ба бумбгузории Бустун дастгир шуд. Ӯ иттиҳомҳои алайҳи худро радд кардааст.
Аммо дастгирии ӯ мушкилеро, ки дар наҳваи кунтрули визоҳои донишҷӯӣ дар нуқоти бозрасии марзии Омрико вуҷуд дорад, пурранг кардааст.
Дар ҳоли ҳозир муътабар будани визои донишҷӯҳои хориҷӣ танҳо дар сурате мушаххас мешавад, ки афсари пулиси марзӣ аввал ӯро ба афсари дуввумӣ ирҷоъ диҳад, ки ба бонки иттилоъоти давлатӣ дастрасӣ дорад.
Акнун вазорати амнияти дохилии Омрико дастур додааст, тамоми афсарони марзӣ визои донишҷӯии тамоми донишҷӯёни байналмилалиро бидуни ирҷоъ ба афсари дувум кунтрул кунанд.
Бар асоси қонуни ҷадид, маъмурони марзии Омрико бо истифода аз иттилоъоти парвозии пеш аз расидани донишҷӯён ба хоки Омрико, вазъияти визои онҳоро баррасӣ мекунанд.
Дар сурате, ки ин ттилоъот қобили дастрасӣ набошад, онҳо ба бонки иттилоъотии дувум руҷуъ хоҳанд кард.
Ин аввалин тағйири муқаррароти амниятии давлати Омрико аст, ки дар посух ба бумбгузории Бустун анҷом шудааст.
Дар бумбгузории рӯзи 15-уми апрел дар Бустун се нафар кушта ва 260 нафар захмӣ шуданд.
