Дар мадориси Тоҷикистон Занги камолот садо дод

Имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон "Занги камолот" садо дод.
Маъмулан дар Тоҷикистон ҷашни фориғуттаҳсилини дар мадорис дар 25 май баргузор мешуд, аммо тайи ду соли ахир бо қарори вазорати омӯзиш ва парвариши кишвар таътили зимистона аз ҳисоби таътилоти тобистона дарозтар шуд, ва шогирдони мактабҳо ба ҷойи 25-уми май дар 7-уми июн таҳсилоти худро анҷом доданд. Қаблан таътилоти зимистона аз ҳисоби таътилоти тирамоҳӣ ва баҳорӣ дароз мешуд."
Масъули ин вазорат мегӯянд, ки “Маъмулан таътилоти мактабӣ фурсати хуб барои созмон додани озмунҳои мактабӣ барои шогирдон ва давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон аст. Ба ин тартиб, ба раванди тадрис дар мадорис халал ворид намешавад. Ба ин далел вазорат нахостааст таътилоти баҳорӣ ва тирамоҳиро лағв кунад.”
Суннати баргузории маҳфили “Занги охир” дар поёни соли таҳсил барои фориғуттаҳсилин, ки аз замони шӯравӣ роиҷ буд, дар соли 2007 барои иҷрои Қонуни дар бораи танзими расму ойинҳо тавассути мақомоти кишвар лағв шуд.
Ҳамакнун ба ҷойи маҳофили бошукӯҳ, ин расм бо ҷаласаи суханронии мудирони мактабҳо ва устодон маҳдуд шуд.
Дар Тоҷикистон 3 ҳазору 816 мактаб фаъъол буда ва имсол 111 ҳазору 486 фориғуттаҳсилин, аз ҷумла 41 ҳазору 854 духтар ва 69 ҳазору 632 писар таҳсилоти ҳамагониро анҷом доданд.
