Намоишгоҳи бурсияҳои таҳсилӣ дар Душанбе
Рӯзи шанбе 20 апрел дар Душанбе дувоздаҳумин намоишгоҳи омӯзишу парвариш ифтитоҳ шуд.
Ин намоишгоҳ барои донишҷуён ва муҳасилони мактабҳо иттилоъоти мухталиф дар бораи таҳсил ва барномаҳои омузишӣ дар Омрико, Урупо ва кишварҳои Мушатрак-ул-Манофеъ ироа мекунад.
Барои алоқамандони таҳсил дар хориҷа номгӯи мактабҳо ва донишгоҳҳои хориҷие пешниҳод шудааст, ки имкони пазируфтани шаҳрвандони тоҷикро доранд. Дар намоишгоҳ шароити таҳсил дар ин муассисоти омӯзишӣ низ пешниҳод шудааст.
Ин намоишгоҳро созмонҳо, тарҳҳо ва барномаҳои мухталифи омӯзишӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла, барномаҳои “Пуштибонӣ аз таҳсилоти олӣ”, “Бурсияи таҳсилӣ”, Сафорати Омрико, муасисаи “Ҷомеъаи боз”-и Сурус, барномаи АССELC-и Омрико, барномаи DAAD-и Олмон, ва ТEMPUS-и Урупо, Барномаи таҳсилоти олӣ ва табодули илмии IREX аз Омрико, маркази фарҳангии “Бохтар” ва маркази омӯзиши забони Олмонӣ дар Душанбе муштаракан баргузор кардаанд.
Қарор аст намоишгоҳҳои мушобеҳ 22 апрел дар Хуҷанд, 3 май дар Кӯлоб, 4 май дар Қурғонтеппа ва 15 май дар Хоруғ низ баргузор шаванд.
