Чопи 25 номгӯи китоб барои кӯдакони тоҷик аз Бунёди Оғохон

  • 17 Сентябр, 2013

Барномаи омӯзиш ва парвариши Бунёди Оғохон 25 номгӯ китоб барои кӯдакони синни то мактабии тоҷикро ба теъдоди умумии 34850 нусха мунташир кардааст.

Ин китобҳо дар доираи тарҳе бо номи “Мутолеъот барои кӯдакон дар Тоҷикистон”, ки тавассути USAID маблағгузорӣ шуда ва дар Туркия аз чоп баромаданд. Дар таҳриру нашри ин китобҳо даҳ шоъиру нависанда ва ҳафт наққоши тоҷик ҳамкорӣ доштанд.

Барои шоъиру нависандаҳо, ки дар ҷамъоварии матолиби ин китобҳо бо Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ доштанд қаблан як давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи “Тавсеъаи тавоноиҳо ва маҳорати китобхонии кӯдакони синни то мактабӣ” баргузор гардид, ки дар он устодони хориҷӣ ва нависандаҳои қирғиз, ки таҷрибаи таҳияи ин гуна китобҳоро доранд, даъват шуда буданд.

Дар оянда нашрияи “Истиқлол” дар Тоҷикистон ин китобҳҳоро муҷаддадан чоп хоҳад кард ва теъдоди бештари кӯдакон ба ин кутуб дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.