Орзуи шогирдони мактаб-вогунҳо дар Хатлон
Image copyrightBBC World ServiceБеҳбуд, номи мустаъори як ҷавон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки даҳ соли қабл аз мактаби ҳамагонӣ фориғ шудааст.
Беҳруд мегӯяд, ки вай ва ҳамклосонаш дар бинои мактаби ҳамагонии мудерн таҳсил накардаанд ва то охир дар вогунҳо, ки ҷойгузини бинои мактаб буданд, таҳсил кардаанд.
Орзуи амалӣ нашуда
Беҳбуд мегӯяд, ки рӯзи аввали дарс дар мактаб-вогунро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Вай гуфт: "Баҳор ва тобистон дамои ҳаво дар дохили вогунҳое, ки мо таҳсил мекардем шадидан гарм мешуд ва мо наметавонистем то дақоиқи охирини дарсҳо онҷо монем. Рӯзҳои замистон клосҳоямон шадидан сард буд ва аз сардӣ гӯш кардани омӯзгорон ва дарки дарсҳо бароямон мушкил буд. Мактабҳои зебо ва замонавиро танҳо дар телевизиюн дидаем."
Ин ҷавон мегӯяд, ки аз ин рӯ таҳсил барои вай ва бисёре аз ҳамклосонаш бо мушкил гузашт ва бештаре аз онҳо дониши кофӣ нагирфтаанд, ки барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои олӣ бираванд.
Беҳбуд ва иддае аз ҳамклосони ӯ баъд аз фориғ шудан аз ин мактаб барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафтаанд.
Беҳбуд таҳсилоти ҳамагониро дар мактаб-вогун соли 2004 хатм кардааст, аммо ҳануз мактаб-вогунҳое дар зодгоҳи ӯ боқӣ мода ва ҳамакнун кӯдакони дигаре аз Роҳи Ленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ онҷо таҳсил мекунанд.
Вазорати маъорифи Тоҷикистон гуфт, ки дар вилояти Хатлон ҳануз кӯдакон ва навҷавонони зиёде дар чунин макотиби ба истилоҳ "мактаб-вогун" таҳсил мекунанд. Бахши ин вазорат дар вилояти Хатлон таъйид кард, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз чунин мактаб-вогунҳо фаъъол аст.
Барои ошноии бештар бо шогирдони чунин макотиб рустои Роҳи Ленини ҷамоъати "Ифтихор"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафтам ва бо шароити омӯзишу парвариш дар мактаб-вогуни шумораи 19-и ин русто ошно шудам.
500 шогирди мактаб-вогунҳо
Дар ин мактаб 13 вогун ҷойигир шудааст, ки дар ҳар яке аз ин вогунҳо ду клос мавҷуд аст. Дар ин макотиб дар ду навбат то 500 шогирд аз рустоҳои Роҳи Ленин, Роҳи Ленин 2 ва Ифтихор таҳсил мекунанд.
Як омӯзгор, ки аз зикри номаш худдорӣ кард гуфт, ки ба сабаби набуди шароити фаннӣ ва сардии клосҳои мактаб, шогирдони зиёде аз таҳсил дар канор мондаанд.
Вай афзуд: "Дар ин шароит мо омӯзгорон ба бачаҳо дарс медиҳем, вале шогирдони соли аввали таҳсил бештар вақт барои сард будани клосҳо ба дарсҳо намеоянд."
Сафарбек, номи мустаъори як сокини рустои Роҳи Ленин аст, ки ду наберааш донишомӯзи мактаб-вогун будаанд ва ӯ аз шароити таҳсили ин кӯдакон хеле нигарон аст.
Сафарбек мегӯяд: "Мехоҳем, ки бачаҳои мо дониши хуб дошта бошанд ва дар дарсҳо фаъол бошанд, аммо онҳоро маҷбур намекунем, ки ба мактаб бираванд. Клосҳояшон сард аст мариз мешаванд. Агар клосҳои гарм ва шароити хуб бошад, мо намегузорем, ки бачаҳо аз таҳсил дур монанд."
Сафарбек мегӯяд, ки бо вуҷуди шароити ногувори таҳсил дар мактаб-вогун бархе аз омӯзгорони собиқадоре ҳануз онҷо фаъъолият мекунанд.
Сокинони ҷамоъати "Ифтихор" мегӯянд, ки ба хотири фақру нодорӣ онҳо наметавонад, ки барои бунёди мактаби ҷадиде барои кӯдакон дар русто коре бикунанд ва то ҳол интизори кумак барои иҷрои ин иқдом ҳастанд.
Нотавонии ҳукумат дар бунёди макотиб
Туйичӣ Маҳмадёров, мудири идораи маъорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар чаҳорчӯби барномаи навсозии мактабҳо дар соли ҷорӣ дар навбати аввал интиқоли шогирдони мактаб-вогунҳо ба мактабҳои ҷадид будааст, аммо вай мегӯяд, ки ниҳоди онҳо низ бо мушкилоти молии фаровон рӯбарӯ аст.
Оқои Маҳмадёров мегӯяд, ки мактаб-вогунҳо дар шароити баде қарор доранд ва меафзояд: "Мардуми маҳал ва шогирдоне, ки дар мактаб-вогунҳо таҳсил мекунанд аз чунин шароит розӣ нестанд. Аммо бунёди макотиби ҷадид ба будҷаи ҳукумати маҳаллӣ бастагӣ дорад. Дар зимн дар ноҳия мактабҳои кӯҳна ва фарсуда зиёд ҳастанд ва ин муассисот ба бозсозӣ ниёз доранд."
Мақомоти зирабти вилояти Хатлон гуфтанд, ки тӯли солҳои ахир ба хотири камбуди буҷаи ҳукумати маҳаллӣ онҳо дар сохтмони мактабҳои нав нотавон будаанд.
Хоналӣ Қурбонзода, роҳбари идораи маъориф ва илми вилояти Хатлон гуфт, ки дар шаҳру навоҳии вилоят шогирдоне ҳастанд, ки дар мактабҳои харобу садамадида ва хонаҳои шахсӣ таҳсил мекунанд.
Оқои Қурбонзода омори дақиқ дар мавриди ин макотиб ва манозили хусусиеро, ки дар он кӯдакон таҳсил мекунанд, нагуфт, вале афзуд, ки ин мактабҳо дар рустоҳои дурдасти кӯҳистонии Хатлон воқеъ ҳастанд.
Бар асоси иттилоъи расмӣ дар ҷануби Тоҷикистон аксари кӯдакон ва навҷавонон дар рустоҳое, ки дар онҷо манозили ҷадид аз сӯйи хонаводаҳои ҷавон бунёд шудааст, ба далели дурӣ аз макотиб аз таълим дар канор мондаанд.
Идораи маъорифи Хатлон мегӯяд, ки дар ин вилоят 261 нафар аз кӯдакон ва ҷавонони синни мактабӣ, ки дар рустоҳои онҳо мадрасаҳо набудаанд, аз таҳсил дур мондаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи омӯзишу парвариш дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ давлати Тоҷикистон қарори вижаеро дар тобистони соли 2008 ба тасвиб расонид.
