Давраҳои омӯзиши забони расмӣ барои омӯзгорони узбактабор дар Хатлон

  • 25 Октябр, 2013
Шогирдони макотиби Хатлон
Image caption Мақомоти ноҳияи Шаҳритус пештар гуфта буданд, ки далели аслии баста шудани клосҳои узбакӣ камбуди омӯзгорони забон ва адабиёти узбакӣ аст

Ҳукумати ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба шуъбаи маъорифи ин ноҳия дастур додааст, ки барои омӯзгорони узбактабор давраҳои омӯзиши забони форсии тоҷикӣ доир кунад.

Тавре ки як масъули ин шуъба гуфт, онҳо омӯзгорони узбактабори ноҳияро сабти ном карда ва онҳоро ба давраҳои вижаи омӯзиши забони давлатӣ ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бештари ин омӯзгорон забони форсии тоҷикиро хуб намедонанд ва таҳсилоти донишгоҳиро бо забони узбакӣ, забони модарияшон, ба поён бурдаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз мақомоти маҳаллӣ, омӯзиши забони расмӣ барои ҳамгироии бештари ақаллиятҳо, аз ҷумла ақаллияти узбакигӯ, бо аксарияти порсигӯи ҷомеъаи Тоҷикистон ва мушорикати ин ақаллиятҳо дар умури иҷтимоъию сиёсӣ бағоят муҳим аст.

Гуфта мешавад, ки давраҳои омӯзиши забони форсии тоҷикӣ барои ҳар омӯзгори узбак се моҳ идома мекунад ва онҳо баъд аз анҷоми ин давраҳо дар мадраса бо забони форсӣ тадрис хоҳанд кард.

Дар марҳилаи аввал ҳашт нафар аз омӯзгорони узбактабор дар ноҳияи Носири Хусрав ба омӯзиши забони давлатӣ ҷалб шудаанд, ки ба онҳо омӯзгорони забон ва адабиёти форсӣ аз шаҳру навоҳӣ дарс медиҳанд.

Нилуфар Абдулҳамидова, омӯзгоре узбактабор аз ин ноҳия, 15 сол бо забони узбакӣ дарс медод. Баъд аз дастури ҳукумати ноҳия вай ба омӯзиши забони форсии тоҷикӣ шурӯъ карда ва ҳоло ба шогирдонаш ин забонро дарс медиҳад.

Хонуми Абдулҳамидова мегӯяд: “Барои ман ва дигар ҳамкорони узбакизабонам дар муддате кӯтоҳ омӯхтани забони форсии тоҷикӣ душвор буд ва ҳоло низ хуб наомӯхтаам. Кӯшиш мекунам, ки тоҷикиро сад дарсад ёд бигирам. Дигар илоҷ нест, бояд мо забони давлатиро донем ва ба фарзандонамон омӯзонем.”

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳудуди 60 дарсад аз ҷамъияти ноҳияи Носири Хусрав узбактабор ҳастанд ва онҳо байни ҳам маъмулан бо забони модарии худ гуфтугӯ мекунанд.

Image caption Оқои Азизов гуфт, ки камбуди омӯзгорони забони форсӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ онҳоро нигарон кардааст

Саттор Азизов, мудири мадрасаи шумораи яки ноҳияи Носири Хусрав, мегӯяд, ки камбуди омӯзгорони забони форсии тоҷикӣ дар мактабҳои ҳамагонии ин ноҳия онҳоро нигарон кардааст.

Оқои Азизов мегӯяд: “Дар мактабе, ки ман кор мекунам, 54 омӯзгор аст. Танҳо ҳашт нафари онҳо бо забони форсии тоҷикӣ дарс медиҳанд ва 46 нафари онҳо узбактабор ҳастанд, ки забони расмиро намедонанд. Мо ба омӯзгорони забони форсии тоҷикӣ дар ин ноҳия ниёз дорем."

Ҷалби омӯзгорони узбактабор ба омӯзиши забони форсии тоҷикӣ дар ноҳияи Носири Хусрав, ки ба гуфтаи масъулони бахши маъориф, беш аз 80 дар сади шогирдон дар мактабҳои онҷо узбактабор ҳастанд, иқдоме камсобиқа дар вилояти Хатлон маҳсуб мешавад.

Дар авоили соли нави таҳсил дар ноҳияи Шаҳритус, як ноҳияи дигари вилояти Хатлон, низ мақомот дари 22 клоси забони узбакиро дар мактабҳои ҳамагонӣ ба рӯи шогирдон бастанд ва кӯдакони узбактабор дарсро дар клосҳои аввал бо забони форсии тоҷикӣ шурӯъ карданд.

Ноҳияи Шаҳритус бо ноҳияи Носири Хусрав наздик буда ва дар ин ду ноҳия узбактаборҳо зиёданд.

Мақомоти ноҳияи Шаҳритус пештар гуфта буданд, ки сабаби аслии баста шудани клосҳои узбакӣ ва ҷалби донишомӯзони узбак ба омӯзиши забони расмӣ камбуди омӯзгорони забон ва адабиёти узбакӣ аст.

Аммо бештари омӯзгорони узбак дар ноҳияи Носири Хусрав мегӯянд, ки дар мактабҳои ҳамагонии онҷо мушкили камбуди омӯзгорони забону адабиёти узбакӣ мушоҳида намешавад.

Бархе аз коршиносони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаи омӯзиши забони давлатӣ озодиҳои фарҳангии ақаллияти узбакро дар ин вилоят маҳдуд мекунанд.

Image caption Хонуми Абдулҳамидова гуфт, ки 15 сол бо забони узбакӣ дарс дода, аммо ҳоло ба шогирдонаш ба забони форсии тоҷикӣ дарс медиҳад

Хабари баста шудани клосҳои узбакӣ ва омӯзиши забони форсии тоҷикӣ ба омӯзгорони узбак дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав баъд аз интишори гузоришҳое аз ноҳияи Сухи Узбакистон дар бораи баста шудани клоссҳои тоҷикӣ мунташир мешавад.

Беш аз як моҳ қабл аз ин гузоришҳое аз ноҳияи Сух, воқеъ дар вилояти Фарғонаи Узбакистон, дар бораи нигарониҳои омӯзгорон ва волидони тоҷиктабор аз баста шудани мактабҳо ё клосҳо ба забони форсии тоҷикӣ мунташир шуда буд.

Ба асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ноҳияи Сух 80 ҳазор сокин ба сар мебаранд, ки 98 дар сади онҳо тоҷиканд ва дар онҷо 26 мактаби тоҷикӣ фаъъолият доштааст. Аммо дар ин авохир гузоришҳо ҳокист, ки забони таълим дар бисёре аз ин мактабҳо аз форсӣ ба узбакӣ иваз шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи Анҷумани узбактаборони Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон, дар ҷануби ин кишвар, узбакҳо 30 дар сади ҷамъиятро ташкил медиҳанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав ва Ҷиликул ва шаҳри Қурғонтеппа зиндагӣ мекунанд.

Сокинони узбактабор бештар дар вилояти Хатлон, дар ҷануб, ва дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, зиндагӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, узбакҳои Тоҷикистон ҳудуди ду милюн нафар арзёбӣ шудаанд.

Матолиби муртабит