Падаре барои эҷоди монеъа барои таҳсили духтаронаш муҳокима мешавад

  • 22 Август, 2013
Духтарони шогирди мактаб
Image caption Қонунгузории Тоҷикистон барои эҷоди мавонеъ барои таҳсили ҳатмии кудакон аз як то ду ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ барои ду солро пешбинӣ мекунад

Додситони ноҳияи Панҷ дар ҷануби Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мардро, ки нагузоштааст ду духтари ноболиғаш таҳсили худро дар мактаби мутавассит идома бидиҳанд, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст.

Ихтиёр Азимов, масъули додситони ин ноҳия мегӯяд, ки Нурулло Маҷидов, тибқи моддаи 164, қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне эҷоди мавонеъ барои таҳсили ҳатмии фарзандонаш муттаҳам шудааст.

Оқои Азимов гуфт, ки Нурулло Маҷидов хилофи моддаи 41 Қонуни асосии Тоҷикистон, ки таҳсил дар мактабро то синфи нӯҳум ҳатмӣ медонад, рафтор кардааст.

Ҳамчунин вай афзуд, ки тибқи моддаи 42-и қонуни маъорифи Тоҷикистон, волидон муваззаф ҳастанд, шароити зарурӣ барои таҳсили фарзандонро таъмин кунанд.

Аз сӯйи дигар, масъулони додситонии ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки ин падари ду духтар ҳамчунин моддаи нӯҳи Қонун дар бораи масъулияти волидон барои тарбияти кӯдаконро низ нақз кардааст.

Ҳамакунун Зулқада ва Нигина, духтарони Нурулло Маҷидов, ки бо дархости падарашон мактабро тарк кардаанд аз рӯзи якуми сентябр ба мактаб бозхоҳанд гашт, аммо падари онҳо бояд дар додгоҳ муҳокима шавад.

Қонун барои ин кирдори оқои Маҷидов аз як то ду ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ барои ду солро пешбинӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, умдатан фақру нодори омили аслии дур мондани кӯдакон аз таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ дар ҷанбуи Тоҷикистон мешавад. Зеро ба ақидаи онҳо хонаводаҳое, ки дар мазореъи кишоварзӣ кор мекунанд, имкони харидории либос барои ҳамаи фарзандони шогирди макотиби ҳамагониро надоранд.

Маҳмадалӣ Салимов, масъули бахши вазорати умури дохила дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло дар ин вилоят беш аз 30 парвандаи идорӣ алайҳи волидони иддае аз кӯдакон барои эҷоди мавонеъи таҳсили онҳо боз шуда ва бархе аз ин парвандаҳо дар додгоҳҳо муҳокима шудаанд.

Оқои Салимов гуфт, ки аксари ин падару модаронро додгоҳҳо барои фароҳам накардани шароити таҳсили фарзандонашон ҷарима кардаанд.

Шумори дақиқи кӯдакон дар Тоҷикистон, ки таҳсил дар мактабро то синфи нӯҳум ба хотири кумак ба волидони фақирашон тарк мекунанд, вуҷуд надорад. Вале бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин кишвар шумори қобили таваҷҷуҳи кӯдакон ва навҷавонон, аз ҷумла духтарон аз таҳсил дар макотиб маҳрум мондаанд.

Дар соли 2011 масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон шумори чунин кӯдаконро беш аз панҷ ҳазор унвон карда буданд.

Матолиби муртабит