Кӯдакони туркманҳои Ҷиликул чашм ба роҳи мактаби ҷадид

Ҳукумати ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон мегӯяд, бунёди мадрасае, ки қарор буд се соли қабл барои кӯдакон ва навҷавонони туркмантабори ноҳия сохта шавад, то ҳануз оғоз наёфтааст.
Масъулони ин ҳукумат иттилоъ додаанд, ки интизор мерафт мактаби ҷадид, ки бо фановарии замонавӣ муҷаҳҳаз хоҳад буд, дар соли нави таҳсили 2013-2014 кӯдаконро бо таҳсил фаро мегирифт.
Адами кутуби турркманӣ
Дар ин мактаб бачаҳои туркман бо забони модарӣ таҳсил хоҳанд кард ва тибқи тарҳи он дар майдони марказии мактаб муҷассамаи Маҳдумқулии Фароғонӣ, поягузори адабиёти клоссики туркман гузошта мешуд.
Меҳриниссо Насуруллоева, масъули ҳукумати ноҳияи Ҷиликул ба Би-би-сӣ гуфт, ки бинои мактаб бояд бо кумаки молии сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон сохта мешуд.
Аммо хонуми Насуруллоева афзуд, ҳарчанд ҳукумати маҳаллӣ беш аз ду ҳектор заминро барои сохтмони ин муассисаи таълимӣ ихтисос дода, вале аз ҷониби масъулони сафорати Туркманистон ҳануз барои сохтани он иқдоме нашудааст.
Хонуми Насуруллоева мегӯяд: "Туркманҳои ноҳия дар мулоқотҳо аз мо мепурсанд, ки мактаби замонавӣ барои таҳсили бачаҳояшон кай бунёд мешавад. Вале мо ба онҳо посух дода наметавонем. Ин мактаб бояд сохтмонаш то ба имрӯз ба охир мерасид ва он шогирдонро бо таҳсил фаро мегирифт."
Ҷамъияти бузургтарини туркманҳо дар Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиликул ба сар мебаранд ва бо гузашти беш аз сесад соли сукунаташон дар ин ноҳия онҳо то ҳол забон ва суннатҳои миллии худро пос медоранд.
Баҳор Навбатова, як зани туркмани ноҳияи Ҷиликул мегӯяд, ки ду бачаи сини мадраса дорад ва мехоҳанд фарзандонашон забони модарияшонро хуб донанду аз фарҳангу адабиёти мардуми туркман огоҳ бошанд.
Аммо ӯ меафзояд: "Мо мехоҳем, ки бачаҳои мо бо забони туркманӣ ва забони тоҷикӣ таҳсил кунанд, аммо дар ноҳия барои бачаҳои мо имкони таҳсил дар мадрасаҳо бо забони туркманӣ нест ва афзун бар он ниёз ба китобҳои дарсӣ ба забони туркманӣ вуҷуд дорад."
Пизишкони муввафақ
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола бо даъвати Туркманистон ҷавонони туркмантабори ноҳияи Ҷиликул баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои идомаи таҳсил ба Туркманистон мераванд ва иддае ба донишгоҳҳои олии он кишвар барои таҳсил пазируфта мешаванд.
Тамара Чориева, як сокини ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, гуфт, ки онҳо мехоҳанд, ки дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кунанд, вале донистани фарҳанги туркманҳо ва забони модарияшон ҳатмист.
Тамара Чориева мегӯяд: "Мо агар бо забони туркманӣ таҳсил кунем дар оянда наметавонем барои таҳсил ба донишгоҳҳои Тоҷикистон равем. Зеро хондани дарсҳо барои мо душвор мешавад. Вале дар баробари забони давлатиии Тоҷикистон мехоҳем забони модарии худро низ донем. Масалан ман туркманиро хуб медонистам, вале надонистани забони тоҷикӣ барои ман таҳсил дар донишгоҳи Тоҷикистонро душвор кард."
Аз сӯйи дигар Меҳриниссо Насруллоева, масъули ҳукумати ноҳияи Ҷиликул гуфт, ки онҳо тасмим доранд, ки барои хонандагони туркмантабор китобҳои дарсии туркманиро харидорӣ кунанд.
Вай афзуд, ки ин тасмими давлат ба манзури рафъи мушкили омӯзишу парвариши шогирдони туркман дар макотиб будааст.
Ҳамчунин бахши вазорати маъорифи вилояти Хатлон дар садади тарҷумаи китобҳои дарсии тоҷикӣ ба забони туркманӣ будааст. Дар назар аст, ки беҳтарин донандагони забони туркманӣ дар вилоят ин китобҳоро баргардон кунанд.
Дар ноҳияи Ҷиликул беш аз даҳ ҳазору 500 нафар туркмантаборон ба сар мебаранд, ки ин омор ҳудуди 12 дарсади ҷаъмияти ноҳияро ташкил медиҳад.
Ҳукумати маҳаллӣ мегӯяд, ки 90 дарсади кормандони бахши тандурустии ноҳияи Ҷиликул, аз ҷумлаи сокинони туркмантабори ноҳия буда ҳамчунин туркманҳо дар бахши кишоварзӣ дар ин минтақа низ фаъъолиятҳои созандае доштаанд.
Гуфта мешавад ки маъмулан туркманҳо дар мазореъи кишоварзӣ ба кишти панба, тамоку машғул шуда ва дар кулҳои вижа ба парвариши моҳӣ низ алоқаманд ҳастанд. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи сокинони туркмантабори ин ноҳия онҳо аз боғҳо ва шуғли қолинбофӣ низ суди молӣ ба даст меовардаанд.
